Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси

Ҷамъият

АЗ ХАТО ТО ГУМРОҲӢ

09-11-2018 15:10

Мувофиқи сиёсати одилонаи пешгирифта дар мамлакатамон озодии виҷдон ва эътиқод ҷорӣ гардида, шаҳрвандон тоату ибодатҳои зарурии худро ба ҷо меоваранд. Аз ҷумла, дари масҷидҳо барои онон боз буда, инчунин, барои адо намудани зиёрати Ҳаҷ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Барои ин шаҳрвандони бовиҷдони мо шукронаи ҳаёти осоишта намуда, дар ҳаққи осудагиву фаровонии кишварамон даст ба дуои хайр мебардоранд.

 

АГАР МУАЛЛИМ РӮЗНОМА НАХОНАД...

09-11-2018 15:08

Имрӯзҳо мавсими обуна ба рӯзномаҳои маҳалливу марказӣ идома дорад.

 

ЗАҲМАТ ВА ЛАЗЗАТИ НАБОТ

26-10-2018 12:17

Номи саркор ва ошпази пуртаҷрибаи замони худ шодравон Бозорбобо Ғаффорови сулфакабудакӣ барои мардуми миёнсол ва калонсоли маҳаллаҳои Кӯи сахо, Гулбоғ, Қӯшкӯпрук, Сафедӣ, Ӯрташиқ ва музофоти дигари ноҳияаамон ошност.

 

«АФҒОН»-ҲОИ СУҒД ДАР САМАРҚАНД

05-10-2018 14:35

Солҳои абарқудрат будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои дифои Инқилоби саври Афғонистон аз тамоми ҷумҳуриятҳо лашкари махсус таҳия ёфта, ба мамлакати ҳамсоя ирсол гардид, ки аз он Ӯзбекистони мо ва Тоҷикистони ҳамсоя низ истисно набуд. Пас аз пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ дӯстӣ ва ҳамкории ҷангварони байналмилал ҳам қариб, ки барҳам хӯрда буд.
Боиси хурсандист, ки бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи сарвари давлатамон риштаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҳамсоя мустаҳкам мегардад.

 

ҲИССАИ КАЛОНИ «ҚӮРҒОНИ КАЛОН»

05-10-2018 14:33

Корхонаи хусусиву истеҳсолӣ ва тиҷоратии «Қӯрғони калон» аз солҳои аввали Истиқлолияти мамлакатамон барои рушду равнақи соҳаи маориф ва маданияти кишварамон ҳиссаи босазое дорад.

 

ТӮҲФАИ АРЗАНДА

28-09-2018 16:31

Фарзанди фарзонаи Оҳалик, номзади фанҳои биологӣ, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Иброҳим Ҷабборов пас аз 24 сол шиносномаи ҷумҳуриятамонро гирифта, шаҳрванди ҳақиқии кишварамон гардид.

 

ҲАМКОРИИ ОМӮЗГОР БО ВОЛИДАЙН

28-09-2018 16:22

Раванди тарбияи ахлоқӣ мураккабию душвориҳои ба худ хос дорад. Ин душворӣ аз бисёр ҷиҳат ба мувофиқат накардани тарбияи мактабӣ бо тарбияи оилавӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар тарбияи маънавии бачагон ҳамкории мактаб ва оила нақши ҳалкунанда мебозад. Бо падару модарон корҳои мунтазами педагогӣ гузаронидани мактаб шарти муҳими барор гирифтани корҳои тарбиявиву ахлоқии талабагон мегардад. Домани тарбияи ахлоқӣ хеле фарох аст. Роҳбари синф, сардорони муассисаҳо бояд ба он кӯшиш намоянд, ки нормаҳои ахлоқии ҷавононро ба воситаи амалиёти ибратбахши худи рафиқонашон ислоҳ намоянд. Ба ҳар як рафтори ҷавонон аҳамият додан, хусусияти индивидуалии онҳоро дар машғулиятҳо омӯхтан ва муносиби феълу атвори ҳар кадом муносибат кардан боиси баланд шудани маданияти ахлоқии ҷавонон мегардад.

 

ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ...

21-09-2018 13:07

Дар маҳфилҳои адабӣ, тӯю анъанаҳои мардумӣ аз Ҳоҷимуаллим (Ҳама ӯро чунин ном мебурданд.) илтимос менамуданд, ки сухани неке гӯяд. Зеро сухани наву самимӣ аз забони вай аҷаб хушоҳангу лутфомез садо медод.

 

ШУКРОНА

21-09-2018 13:05

- Вақте ки синни муаллими муаллимон, устоди механизаторон, яке аз пирони равшанзамири маҳаллаи Ӯрташиқ Зоҳир Холиқов ба 80 наздик мешуд, аҳли хонадони намунавии он кас, махсусан ҳамсарашон Гулчеҳра Ӯлмасоваи хазинабон, писару духтарҳо - Акмалҷони сӯхторнишон, Фаридаву Махфирати ҳисобдон, Зебуннисои мураббия ва усто Акобирҷони сартарош гуфтанд, ки ҷашни падарро дар яке аз базмгоҳҳои машҳуртарини шаҳр боҳашам мегузаронем. Вале, муаллими хоксори мо рад карданд. Иброз доштанд, ки аввало даркории ҳамин хел корҳо нест, ба ҷои ин дили сағиру дармондагонро ёбед. Агар хеле хоҳиши ҷашн кардан дошта бошед, майлатон. Бе карру фарри зиёдӣ, ба шукронаи ҳамин рӯзҳо, хайри ҳазор моҳи дидаам дар сари дастархон аз халқ дуо мегирем. Ба дастархон ғайр аз меваҷот танҳо оши палав мегузорем, баччеком.

 

КАФОЛАТИ ТАҚДИР

14-09-2018 15:44

Шиноси деринаам, ки Рустам ном дошт сокини яке аз маҳаллаҳои шаҳр буд. Ӯ орзу мекард, ки баъд аз хатми коллеҷ ба давлати хориҷӣ равад. Рӯзҳои охирини моҳи июн ҳангоми ба даст овардани диплом Рустам роҳи хонаро пеш гирифта, ба падару модараш арз кард:

 
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку