Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси

Ҷамъият

СамарҚанд: ривоят ва маънои аслӣ

19-01-2018 11:38

Аз бойгонии шодравон Ботурхон Хилъатпури ВАЛИХОҶА,
узви вобастаи Академияи Улуми Ӯзбекистон

СамарҚанд чӣ маъно дорад?
Редаксияи азиз!
Аз шумораҳои охирини рӯзнома мақолаҳоро доир ба таърих ва номгузорӣ хонда, хурсанд мегардам.Чӣ мешуд, ки дар бораи таърихи маънои номи Самарқанди азизамон низ маводи боварибахшро манзури мо, хонандагон гардонед.
Миршакар КАМОЛОВ,
маҳаллаи Янгиариқ (Чунгул)

 

Хизмат ба Ватан шараф аст

12-01-2018 16:03

Садҳо нафар ҷавонони ноҳияи Самарқанд аллакай барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар шӯъбаи корҳои мудофиа - комиссариати ҳарбии ноҳия номнавис кардаанд.

 

ОМАД ЗАМОНЕ, КИ ОРЗУЯШ ДОШТЕМ

05-01-2018 14:59

Соли дастгирии тадбиркории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологӣ эълон гардидани соли 2018 хаёли маро ба гузаштаи дур бурд.

 

ҚАДРИ БАЛАНДИ ИНСОН

22-12-2017 16:00

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи авф намудани 2700 нафар маҳкум дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон амали нек шуд. Ислоҳоти дар мамлакатамон амалишаванда бар асоси принсипҳои умуминсонӣ дар Қомуси бахтамон қайд гардида, дар он инсонпарварӣ, ҳаёти инсон, озодӣ, шаъну шараф, қадру қимат ва дигар ҳуқуқҳояш ҳамчун арзиши олӣ оварда шудааст.

 

НАБЕРАБОНӢ АБАДӢ?!

08-12-2017 15:28

Дар синни панҷоҳсолагиам ҳамаи фарзандонамро соҳиби оила гардонидем. Ду духтарамро ба шавҳар дода, ба писарам арӯс овардем. Соҳиби панҷ нафар набера ҳастем. То ба калон шудани фарзандҳо ҳамроҳи ҳамсарам ранҷи зиёд кашидем. Бахусус, ба ҳамсарам хеле душвор буд. Яккаписар, ки ҳастам, нигоҳубини падару модари пирам низ ба зиммаи вай мебошад. Аз субҳ то шом оромие надошт. Бо вуҷуди ин ҳар рӯз ба хона меҳмон меомаду ҳамсарам дар хизмат мешуд. Шабона фарзандонамон намегузоштанд, ки вай ором гирад. Аз ҳама бештар писарамон хеле инҷиқ ва гирёнчак буд. Ба ҳамсарам раҳмам омада, писараки хурдсоламро ҷанг мекардам, ки хобад.

 

АЗМИ ХОНАНДАГОНИ ГУЛПАРВАР

24-11-2017 11:48

Дар мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд дар доираи аксияи «Самарқандро гулпӯш мекунем: 1+10» тадбири «Ҳар хонанда соҳиби гул бошад» баргузор гардид.

 

ГИРЯИ БИНО ВА БОҒИ ХАРОБА

24-11-2017 11:44

Дар қабати поликлиника ва шифохонаи Даштаки боло корхонае вуҷуд дорад, ки ҳавлиаш зиёда аз 1,5 га.ро ташкил намуда, бинояш дар солҳои ҳукумати шӯравӣ бунёд шудааст. Шиферҳои болои бомаш канда шуда, стропил ва рекаҳо дорад. Намедонед барфу боронҳои баҳору тирамоҳу зимистон ба куҷо меравад? Стропилҳо аз барфу борон ва офтоби тасфони тобистон сиёҳ шуда, аҳволи ночорро гирифтааст. Бино ва атрофи он боғи дарахтони мевадорро дида, гиряи кас меояд. Наход, ки бинои калони зебо, ки солҳои пеш як корхонаи калон буд, тамоми ширҳои хоҷагиҳои фермерии ноҳияро қабул намуда, халқи вилоятро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекард, ба ҳамин аҳвол афтода бошад?!

 

КАЛИДИ БАХТ

17-11-2017 11:25

МЕҲРИ МОДАРШӮ
Тозаарӯс баъди анҷоми корҳои рӯзгор ба хонааш даромад, ки модаршӯяш болои кат - ҷойгаҳи онҳо хобидааст. Ӯ чӣ кор карданашро надониста, берун баромаданӣ шуд, ки модаршӯ боздошт:

 

ҲАР РӮЗ ТӮЙ ШАВАД, АММО…

17-11-2017 11:23

Дар дунё ҳар як халқ арзишу анъанаҳои худро ҳифз намуда, мувофиқи давр ба онҳо амал мекунад. Тӯю маросимҳо низ оинаи арзишҳоямон ба шумор мераванд. Аммо имрӯзҳо он мазмуну моҳияти худро гум кардааст.

 

ҚАДРИ МОДАР

10-11-2017 11:07

Ин воқеаро табибзане нақл кард...
Рӯзе ба хонаи кориям, зани тақрибан шастсола бо писари сисолааш ворид шуд. Писар модарашро хеле ҳурмати зиёд менамуд. Зуд-зуд рӯймоли модарро дуруст мекард, ба ӯ обу таъом дароз мекард. Аз муносибати аҷибу дилписанди ҷавон ба ҳайрат омадам. Баъди пурсиш аз саломатии ҷисмонии модар, аз ҳолати рӯҳияш пурсидам, зеро рафтори модар табиӣ набуд. Ба саволҳоям бемантиқ ҷавоб медод. Писар гуфт:

 
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку