Ба Истиқлол расидани мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Аввалини мамлакатамон Ислом Каримов (Руҳашон шод бод!) ба ободии масҷиду мадрасаҳо, қадамҷойҳои таърихӣ, зинда намудани номи алломаву бузургони замина пайдо кард.
Озодии виҷдон, эътиқоди диниву мазҳабӣ, ки имрӯз насиби мардуми шарифи Ӯзбекистон гардидааст, ҳама аз неъматҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвари соҳибихтиёри мост.
Бояд иқрор шуд, ки ман шеърҳои шоири зиндаёд Акбар Пирӯзиро ягон-ягон дар рӯзномаҳо мехондаму аз истеъдоди сухангӯӣ, дунёи рангин ва зиндагифаҳмии ӯ он қадар воқиф набудам. Баъди он ки се маҷмӯаи ашъораш – “Тӯфони дил”, “Чашмаҳои меҳрубонӣ” ва “Чамани меҳр” (2016), ки чопи онро надида рафт, мутолиа мекардам, пеши назарам симои як шоири нодири соҳибзавқ ҷилвагар шуд: розу андешаҳояш иҷтимоиву фалсафист, гуфтораш возеҳу равон, дилкаш, самимӣ ва саршори мазмунҳои ҳаётианд. Кас афсӯс мехӯрад, ки олами шеърияти Самарқанд як шоири хуштабъро бой додааст. Воқеан, шоири асил намемирад. Мухлисони шеъру адабиёт, дӯстон ва пайвандонаш ҳоло 70-солагии зодрӯзи ӯро (12-уми сентябр) ҷашн мегиранду бори дигар назди истеъдод ва фазилатҳои инсонии ӯ сипосгузор мешаванд.
Дар олами Ислом дуввумин ҷашнвораи бузургу таърихӣ иди Қурбон аст. Мусулмонони ҷаҳон ин рӯзи саидро бо тайёриву пазмониҳои зиёд истиқбол мегиранд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ иди мазкур дар ҳар як оилаву маҳалла бо шодмонӣ қайд карда мешавад. Дар сари қабри хешовандон оятҳои раббонӣ хонда, рӯҳи поки гузаштагонро шод мекунанд, ба аёдати беморону дилёбии одамони камбизоат мераванд, корҳои хайру савоб, ободонии гирду атроф ҷомаи амал мепӯшанд.
Дар ноҳияи Самарқанд бузургмардон зиёданд. Насли имрӯз ба ҳар яки онҳо эътибори ҷудогона дорад. Эҳтиром мекунад. Гули сари сабади анҷуману маъракаҳои худ медонад. Яке аз чунин симоҳои намоён, ки ба қарибӣ бо Фармони Президенти мамлакат соҳиби ордени “Дӯстлик” гардид, Бобомурод Зиёев мебошад. Барҳақ, Бобомуродбобо зиндагиномаи ибратомӯзро соҳиб аст.
Алҳол соҳаи таълими халқ дар арафаи ислоҳпазирӣ қарор дорад.
Фасона гашт ҳадиси Искандар,
Сухан нав ор, ки навро жири ҳаловатест дигар.
Марди деҳқон саҳар сӯйи саҳро рафтанӣ шуд. Ба пояш мӯзаро пӯшид, ки дохили он чизеро ҳис кард. Даст ба мӯза бурда, аз даруни он сабзиро гирифт. Се рӯз пайи ҳам аз даруни мӯзааш сабзӣ ёфт. Мард пай бурд, ки фурсати хонадоркунии писараш фаро расидааст. Аз ин рӯ, ба ҳамсараш фармуд:
навбата артистба те!” Мақолаи ҷонишини раиси шӯъбаи ноҳиявии Бунёди хайриявии “Маҳалла” Зокирҷон Давроновро аз рӯзномаи “Гулобод тонги” хонда, мутаассир шудам.
Имрӯз замони гузашта нест. Аз дирӯза дида муносибат нисбати замину ҳосилдории он беҳтару бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки марди деҳқонро дар сари замин, майдони кишту кор мебинед.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.