Марди деҳқон саҳар сӯйи саҳро рафтанӣ шуд. Ба пояш мӯзаро пӯшид, ки дохили он чизеро ҳис кард. Даст ба мӯза бурда, аз даруни он сабзиро гирифт. Се рӯз пайи ҳам аз даруни мӯзааш сабзӣ ёфт. Мард пай бурд, ки фурсати хонадоркунии писараш фаро расидааст. Аз ин рӯ, ба ҳамсараш фармуд:
- Занак, пурсуҷӯ кун, канӣ, дар куҷо духтари нағз ҳаст? Рӯзи чоршанбе ба хостгорӣ рав!..
Солҳо гузашту набера ба балоғат расид. Ӯ ба духтаре дил баст. Рози дилашро ба волилонаш чунин менамуд:
- Бийиҷон, камтар дам гиред, корҳои хона шуморо азоб медиҳад. Ба шумо ёрдамчӣ даркор...
Ҳар саҳар ба даруни туфлии падараш банан мегузошт...
Бо гузашти солҳо писари вай ҳам ба камол расид. Барои ободгардонии манзил падару писари бистсола ба кишвари хориҷа рафтанд. Пас аз чанд моҳ писар ба ватан баргашт. Ӯ дар гуфтору рафтор ва тарзи либоспӯшӣ ба хориҷиён тақлид мекард. Қариб ҳар рӯз ба модараш таъкид менамуд:
- Чаро падарам пули дуруст намефурсонанд?! Ҳамсолони ман аллакай зан гирифтаанд. Ман ҳам зан мегирам!...
Сол аз сол дар маросими ақди никоҳ одатҳои нав ба нав ворид мегардад. Рақси арӯсу домод, ба якдигар хӯронидани ширинӣ, дар оғози тӯй пинҳон намудани арӯс ва ӯро аз байни гул пайдо намудани домод, ташкили ҳар гуна бозиву иҷрои шартҳо ва ғайра...
Дар тӯйи никоҳ чашми ҳамаи меҳмонон ба арӯсу домод дӯхта мешавад, ба рафтору худдории онҳо баҳо медиҳанд. Ҳар кас мехоҳад тӯяш хотирмон ва зебо гузарад. Дар ин бора фикри аксари ҷавононро пешкаш мегардонем:
Хисрав ҚОДИРОВ:
- Пас аз ду моҳ оиладор мешавем. Ҳоло барои хушнудгардонии хотири меҳмонон кинои хурд тайёр мекунем. Ҳамроҳ дар ҷойҳои зебоманзар дар ҳар хел вазъият сурат мегирем. Инчунин, ба курси рақсомӯзӣ меравем. Рӯзи тӯй аввал ба тарабхона ман медароям ва аз меҳмонон мепурсам: Арӯси ман канӣ? Ҳама ҳайрон мешавад. Илтимос мекунам, ки барои ёфтани арӯсам ба ман ёрӣ расонанд. Пас аз ҷустуҷӯ ба саҳна атргули калонро меорам ва аз байнаш арӯс баромада, ба ман даст дароз мекунад. Ӯро аз байни гул мегирам. Яъне ин маънои арӯс мисли гул нозук ва ягона астро дорад.
Салтанат ДАВЛАТОВА:
- Мехоҳам рӯзи тӯй маликаи давра бошам. Аз ин рӯ, куртаи беҳтаринро интихоб мекунам. Падару модарам дар хориҷи кишваранд. Ману додарам ҳамроҳи модаркалонам зиндагӣ мекунем. Шояд бо баҳонаи тӯй волидонам баргарданд. Пас аз тӯй либосҳои беҳтаринро пӯшида, мӯю рӯямро ба таври дилхоҳ оро медиҳам.
Нодира РӮЗИЕВА:
- Ҳар боре, ки ба тӯйи хешовандонамон меравем, падарам ранҷур бармегардад. Ҳамеша таъкид менамояд, ки барои арӯс либоси беҳтарин атлас аст. Мехоҳам рӯзи тӯй орзуи падарамро амалӣ гардонам. Либоси зебои атлас пӯшида, падарамро хурсанд карданиям. Тӯй дар ҳаёти инсон як маротиба мешавад. Он бояд хотирмон гузарад.
Ҳошим СУЛТОНОВ:
- Ҳамроҳи падарам ду сол дар кишвари хориҷӣ меҳнат намудем. Дар ин муддат модарам хоҳарамро ба шавҳар доданд. Падарам мехостанд, ки мо низ дар тӯй иштирок намоем. Аммо модарам рухсат надоданд. Гуфтанд, ки пулро фиристанд, тӯй хуб мегузарад. Чанде пеш ба ватан баргаштам. Ҳоло модарам дар тараддуди оиладоркунии ман ҳастанд. Аз падарам хоҳиш менамоянд, ки бештар пул фиристанду он кас барои арӯсу модараш ороишоти тилло ва лисбосвориҳои беҳтаринро харид менамоянд. Мақсад оиладоркунии ду навҷавон бошад, пас либосу ороишот барои дигарон чӣ лозим. Мехостам дар тӯям аз ҳар гуна хароҷоти зиёдатӣ даст кашанд. Падару модари арӯсу домод гули сари маърака бошанд. Зеро онҳо ин рӯзро солҳо орзу менамоянд. Дидани тӯйи фарзанд ба ҳама насиб кунад.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.