Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАКОНИ ИМКОНИЯТҲО

Алҳол соҳаи таълими халқ дар арафаи ислоҳпазирӣ қарор дорад.

Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев 16-уми августи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ камбудиҳои соҳаи таълими томактабиро кушода, таъкид намуд, ки он ҳамчун вазорати алоҳида фаъолият барад. Яъне ташкили Вазорати таълими томактабиро баррасӣ намуд. Ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб намудани бачаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Аксари бачаҳо барои боғчаравӣ саркашӣ мекунанд. Ба падару модарашон шарт мегузоранд:
- Агар шоколад харида диҳед, баъд бағча меравам...
- Садикба не, бобомба мерӯм...
Сабаби саркашии бачаҳо дар чист? Чаро онҳо намехоҳанд, ки ба муассисаи таълими томактабӣ, яъне боғча раванд? Чӣ тавр бояд бачаҳоро ба боғча ҷалб намуд?
- Тарбиятгирандагони мо ҳар пагоҳ хурсандона ба боғча меоянд, - иброз дошт мудираи муассисаи таълими томактабии рақами 8 Заррина Хидирова. – Зеро мураббияву ходимонамон ба дили ҳар кадоме роҳ ёфта тавонистаанд. Онҳо соҳибтаҷрибаву руҳшиносанд.
Мураббияи гурӯҳи хурдсолон Озода Султонова 19 сол инҷониб ҳамчун педагог фаъолият дорад. Фаъолияти кориашро соли 1998 ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби таълими умумии рақами 45 оғоз намудааст. Шаш соли охир дар муассисаи таълими томактабии рақами 8 фаъолият дорад.
- Бо бачаҳо бар асоси Барномаи давлатии “Болажон” кор мебарем, - гуфт Озода Султонова. – Онҳо вақташонро дар боғча хуш мегузаронанд. Ҳар бегоҳ пеш аз хонаравии бачаҳо нақшаи фардоро фаҳмонида, шавқманд мегардонем. Мегӯем, ки пагоҳ машғулоти расмкашӣ, ба боғ баромада, сурат мекашем... Рӯзи дигар онҳо аз падару модарашон хоҳиш менамоянд, ки онҳоро зудтар ба боғча баранд.
Одатан барои бачаҳои навомада муҳити боғча бегона аст. Аз ин рӯ, то одат карда, бо бачаҳои дигар ошноӣ пайдо намудан мегирянд.
Кӯдакистон макони имкониятҳост. Хишти аввали бинои дониши онҳо маҳз дар ҳамин ҷо гузошта мешавад. Онҳо бо ҷамоа корбариро меомӯзанд. Ҳар бача ҳақ дорад то, ки айёми беғубори худро хуш гузаронад.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 13/09/2017 16:07;   Просмотров: 1310
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку