Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДИЛАШ БО МЕҲРИ ВАТАН САРШОР БУД

Бояд иқрор шуд, ки ман шеърҳои шоири зиндаёд Акбар Пирӯзиро ягон-ягон дар рӯзномаҳо мехондаму аз истеъдоди сухангӯӣ, дунёи рангин ва зиндагифаҳмии ӯ он қадар воқиф набудам. Баъди он ки се маҷмӯаи ашъораш – “Тӯфони дил”, “Чашмаҳои меҳрубонӣ” ва “Чамани меҳр” (2016), ки чопи онро надида рафт, мутолиа мекардам, пеши назарам симои як шоири нодири соҳибзавқ ҷилвагар шуд: розу андешаҳояш иҷтимоиву фалсафист, гуфтораш возеҳу равон, дилкаш, самимӣ ва саршори мазмунҳои ҳаётианд. Кас афсӯс мехӯрад, ки олами шеърияти Самарқанд як шоири хуштабъро бой додааст. Воқеан, шоири асил намемирад. Мухлисони шеъру адабиёт, дӯстон ва пайвандонаш ҳоло 70-солагии зодрӯзи ӯро (12-уми сентябр) ҷашн мегиранду бори дигар назди истеъдод ва фазилатҳои инсонии ӯ сипосгузор мешаванд.

Акбар Пирӯзӣ шоири зебоифаҳм ва зебоипараст буд. Зебоиро дар зиндагӣ, меҳри ватан ва ёру дӯст, нигоҳи дилфиреби хубрӯён, тӯфони қалби шоирон, аллаҳои ҷонфизои модарон, хандаҳои ширини кӯдакон, ҳамдилию ҳамраъйии одамон дарку эҳсос мекард. Ба гуфти шоир мардум агар зебоихоҳ бошад, барои ҳаёти зебо кӯшад, рӯзгори мо боз ҳам зебо хоҳад шуд:
Зиндагонӣ кони зебоӣ бувад,
Ҳар касе ёбад варо, зебо шавад.
Акбар Пирӯзӣ шоири тозаҷӯ буд. Ғояҳои ватанхоҳиро на бо суханҳои умумӣ, ҳиссиёти риторикии урён, балки дар саъю кӯшиши конкрети мардум медонист. Ба қавли ӯ шоир, адиби асил аз меҳри Ватан шоир мешавад, чунки “беҳтар аз меҳри Ватан дурдона нест”. Дар шеъри “Машъали Ватан” мегӯяд:
Мову ту сӯзем агар дар қӯрааш,
Машъали меҳраш фурӯзон мешавад.
Бо шуои ишқ афрӯзем агар,
Рӯзи фардояш дурахшон мешавад.
Ватанхоҳӣ дар қалби шоир бо меҳри зодгоҳаш Самарқанд, таъриху фарҳанги он, нақшҳои рангомези ёдгориҳои меъмории бошукӯҳ, анъанаҳои миллии мардум, бахусус шаҳри кӯҳна, шӯҳрати ҷаҳонии нони Галаосиё омезиш ёфтааст. Аз мутолиаи ашъораш пайдост, ки ҷисму ҷони ин шоир аз хоку гили Самарқанд бунёд шудааст. Дар шеърҳои “Замин” ва “Хоки Самарқанд” ӯ бо виқор хешро “як кафи хоки поки ин замин” мешуморад, ки “ҳар гиёҳу сабзааш барои вай азиз аст”, ин хоку ин замин “ҳам баҳору ҳам хазони” ӯст. Ҳамин ғояи азизу мӯътабарии хоки Ватан барои инсон дар образи рамзҳои дарахти коҷ (“Садоқат”), ки онро ба осонӣ ғалтонда наметавонанд ва баъди ғалтондан дарахт хокашро дар панҷаҳояш мебарад. Образнок ва муассир ба табъ мерасад.
Донишмандон фармудаанд, ки “Шавқ агар раҳбар шавад, гуфтор зебо мешавад”. Оре, дили Акбар Пирӯзӣ пур аз шавқ, суханаш хуштобишу назаррабо аст, ташбеҳу истиора ва воситаҳои бадеиро бамавқеъ истифода мебурд. Аз ин ҷост, ки дар шеърҳои “Шердор” ва “Нақшҳо” тарҳи мунаққаш ва ҷилои рангҳои мадрасаҳои зебо мисли оҳанги латиф садо медиҳанд. Пас шеъри “Нони Галаосиё”, ки бо дастони пурэъҷози мардуми таҳҷоӣ пухта шудаанд ва дар он “нигоҳи гарми хубрӯёнаш, қурси офтоби зиндагонӣ ва оташи рухсору тафси меҳрубонӣ”, намоён аст, аломати табъи равон ва дили ҷӯшони ӯст.
Акбар Пирӯзӣ шоири пурдону пурбин буд. Ашъори ӯ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти воқеӣ, нишебу фарозиҳои зиндагӣ, дунёи маънавӣ ва ахлоқию одамонро фаро гирифтааст. Каҳрамони лирикии ӯ фарди мушоҳидакор ва ҳушёру рамузфаҳм аст. Дар зиндагӣ фаълу хӯи мураккаби одамон, ҳам хубӣ ва ҳам хушиҳои онро амиқ эҳсос мекунад. Ҳатто дар хандаю хушҳолӣ ва табассуми одам маънӣ ва тобишҳои гуногунро дарёфтааст.
Ҳар лаби пурханда рамзи меҳр нест,
Одамон ханданд гоҳе аз алам.
Аз хушомад гаҳ табассум мекунанд.
Гаҳ зи рашку гаҳ зи дарду гаҳ зи ғам.
Акбар Пирӯзӣ шоири дунёфаҳм, одамшинос ва ҳақиқатгӯй буд. Панду ҳикматаш аз оҳанги иҷтимоию фалсафӣ бақувват аст. Ба табиати мураккаби одам ишора намуда, дар шеъри “Шавӣ ҳамсафар” ёдрас менамояд, ки одамро фаҳмидан душвор аст. Ботини одамро надониста, ӯро “фаришта, ҳалиму меҳрубон, хоксору дилёб магӯ”. Бо одам ҳамнишину ҳамсафар шавӣ, пас, мефаҳмӣ, ки ӯ дар асл “булбул аст ё мор”. Шоир ин маъниро идома дода, дар шеъри “Бигзашта равад” ба хонандаи ҷавон ба тааннӣ панд медиҳад, ки роҳи зиндагӣ пурпечутоб аст. Табиату муносибати одамон ҳам гуногун ва аз шинохтани неку бад, марду номард, сухани гарму сард набояд ғофил монд, баҳри ҳифзи зиндагӣ мардонавор бояд истод.
Дар ҷаҳон номард ҳасту мард ҳаст,
Ҳарфи гарму ҳарфи сахту сард ҳаст.
Кӯйи шоду манзили пардард ҳаст,
Хубу расво низ бизгашта равад.
Дар шеърҳои “Дар як лаҳза”, “Зиндагӣ ду нафас аст”, “Умр меравад”, “Дилсиёҳ”, “Машкил аст” тадқиқи фалсафии мазмуни ҳаёт тавассути ифодаи рӯҳият ва тақдиру қисмати инсон, ҳиссиёту ҳаяҷони ботинии ӯ боз ҳам пурвусъат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Акбар Пирӯзӣ як силсила шеърҳои ишқӣ эҷод кардааст. Дили ошиқи қаҳрамони лирикии шоир ба зиндагӣ гарму меҳрафрӯз аст, зеро аз шӯълаи офтоби ошиқӣ нур гирифтааст. Аз ин ҷост, ки ба дарди ишқ тоб меоварад. Аз шираи он лаззат мебарад. Ишқ зиндагиро ба чашми вай зебо намудааст, бинобар барои як садоқати маъшуқа тамоми саркашӣ ва сангдилии ӯро мебахшад.
Дар ҷавонӣ маст гаштам аз шароби ошиқӣ,
То кунун ман мекашам, дарду азоби ошиқӣ.
Шираи ишқ аз азал дар хоки ман омехтаанд,
То равам бар кӯчаи пурпечутоби ошиқӣ.
Шеърҳои хушранги Акбар Пирӯзӣ гувоҳи онанд, ки ӯ соҳиби дили ҷӯшон буд, назари васеъ дошт, чун шоири асилу хуштабъ камол ёфта, хушбаёну маҳбубтарин шинохта шуд. Суханаш ҷонбахш ва дар ақлу идрок ва ҳиссиёти хонанда ҷунбише меоварад.
Акбар Пирӯзӣ ошиқи зиндагӣ буд. Меҳраш ба инсон баланд, гуфтораш зебо. Он чиро, ки ба мардум мерос гузошт, чун нақшҳои пурҷилои мадрасаҳои Самарқанд нишони ҷовидонаи номи ӯст.

Мардон ШАРОФОВ, номзади илми санъатшиносӣ


Последнее редактирование: 18/09/2017 11:36;   Просмотров: 1383
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку