Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАДРИ БАЛАНДИ ИНСОН

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи авф намудани 2700 нафар маҳкум дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон амали нек шуд. Ислоҳоти дар мамлакатамон амалишаванда бар асоси принсипҳои умуминсонӣ дар Қомуси бахтамон қайд гардида, дар он инсонпарварӣ, ҳаёти инсон, озодӣ, шаъну шараф, қадру қимат ва дигар ҳуқуқҳояш ҳамчун арзиши олӣ оварда шудааст.

Ҳар сол ҳуҷҷат дар бораи амнистия қабул мегардид. Бояд таъкид кард, ки дар он гурӯҳи муайяни шахсони ба озодӣ мебароварда қайд намегашт. Дар акти амнистия танҳо намудҳои ҷиноят дар назар дошта мешуд, шахсони ба озодӣ мебаромада дар ҷараёни таъмини иҷрои амнистия муайян мегардид.
Тафовути авф аз амнистия дар он аст, ки пеш аз ҳалли масъалаи амнистия шахси ҳар як маҳкум, дараҷаи хавфи иҷтимоии ҷиноят, ҳолат ва оқибати содиршавии ҷиноят, пардохта шудани зарари расонидашуда, инчунин, муносибати тарафи ҷабрдида ва ҷамоат ҳамаҷониба пухта омӯхта мешавад.
Дар натиҷаи корҳои амалигардида дар таърихи мамлакатамон бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон 2 ҳазору 700 нафар маҳкум авф карда шуд. Аз ҷумла, 956 нафар маҳкуми калонияҳои ислоҳи ахлоқ, ки дар шароитҳои гуногун ҷиноят содир кардаанду аз таҳти дил пушаймонанд, ба роҳи дуруст баргаштаанд, аз ҷониби ҷойи зист ва муассисаҳои иҷрои ҷазо ба тарзи эҷобӣ тавсиф гирифтаанд, авф гардиданд.
Авфшудагон рӯзҳои наздик ба оила ва ҷамъият баргашта, барои амалигардонии ислоҳоти мамлакат фаъол иштирок хоҳанд кард.
Қабул гаридани қарори мазкур боз як нишони баланд будани қадри инсон дар Ӯзбекистон аст.

Муродилло РАҶАБОВ,
ёрдамчии калони прокурори ноҳия


Дата добавления: 22/12/2017 16:00;   Просмотров: 1342
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку