Имрӯзҳо мавсими обуна ба рӯзномаҳои маҳалливу марказӣ идома дорад.
Аз он, ки аз хурдӣ ба матбуоти даврӣ шавқи зиёд дорам ва аз замони мактабиву донишҷӯйӣ бо навъҳои гуногуни навиштаҳоям ба матбуот робита пайвастаам, дилам моломоли ҳаяҷон аст, ки имсол тақдири обуна чӣ мешуда бошад?!.
Ба фикрам, ҳар як омӯзгор бояд бо матбуоти даврӣ дар алоқа шуда, ахбори навро ба дигарон расонад. Аз он ҷумла ба толибилмон - аз синфҳои поён то боло, коллеҷҳо, лицейҳо,таълимгоҳҳои олӣ ҳам зарур аст. Ин вазифаест ба дӯши муаллимон, ҳамаи коркунони соҳаи маориф.
Ба ғайр аз ин бояд омӯзгор бо нашрияҳо ҳамеша дар алоқа шуда, худ хабар, мақола, ҳикояву шеъру саҳначаҳо навишта, ба газета ё журналҳо чоп кунонад. Инчунин, аз ҳаёти мактабу маҳаллаҳо дигаронро хабардор намояд ва ба хонандагон дар ин ҷода роҳбалад гардад...
Дар вилоятамон садҳо нафар муаллимон ба шогирдон сабақ медиҳанд, дар роҳбарияти ин соҳа низ ҳамин миқдор кор мекунанд. Агар дар ҳар хонадони омӯзгорон ва коркунони соҳаи маориф як шуморагӣ газета ё журнал, махсусан рӯзномаи ноҳиявӣ дарояд, ҳазорон одамон аз он баҳраманд мегарданд ва ба обунаи соли оянда ҳеҷ душворӣ намешавад.
Гарчи ман дар остонаи синни 70 қадам мемонам, ҳаёти худро бе нашрияҳо эҳсос карда наметавонам. Ҳар сол ба 3-4 намуди он обуна мешавам ва якчанд нафарро далолат менамоям.
Аз рӯи шунидам, мактабҳое будааст, ки муаллимон ба ягон газета ё журнал обуна нестанд. Кас ҳайрон мемонад:
- Агар мактаб, муаллим газета, журнал нагирад, нахонад, аз дигарон чӣ ҷои гила?...
Тарғибгари мардум агар омӯзгоронанд, пас чаро онҳо саҳлнигорӣ мекунанд?
Аз муассисон ва роҳбарони рӯзномаи "Гулобод тонги" низ илтимос дорам. Агар илоҷаш бошад, барои муаллимон рӯзномаро арзонтар расонанд. Баъзан почтаҳо манфиати асосиро мебинанд. Худи идораи рӯзнома ба мактаб расонад, хеле арзон ва хуб мебуд.
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев, ҳукумати мамлакат ба муаллимон сабукиҳо дода, аз онҳо навгониҳои соҳаи таълимро интизоранд. Агар муаллим нахонад, аз куҷо бо замона ҳамқадам шуда метавонад?!.
Хулоса, ҳамаро ба обунаи рӯзнома даъват мекунам.
Ҳоҷӣ Шукруллоҳхон ВАЛИЗОДА,
собиқадори ифтихории меҳнат, шоир
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.