Мувофиқи сиёсати одилонаи пешгирифта дар мамлакатамон озодии виҷдон ва эътиқод ҷорӣ гардида, шаҳрвандон тоату ибодатҳои зарурии худро ба ҷо меоваранд. Аз ҷумла, дари масҷидҳо барои онон боз буда, инчунин, барои адо намудани зиёрати Ҳаҷ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Барои ин шаҳрвандони бовиҷдони мо шукронаи ҳаёти осоишта намуда, дар ҳаққи осудагиву фаровонии кишварамон даст ба дуои хайр мебардоранд.
Маълум аст, ки дини мубини ислом инсонҳоро ба кору амалҳои нек ва савоб, ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидӣ дар роҳи бунёдкориҳо даъват менамояд. Аммо мавҷуданд қувваҳои сиёҳкори манфуре, ки аз боварии мардум истифода бурда, фаҳмишу ақидаҳои онро нодуруст талқин мекунанд ва шахсони сустиродаро ба доми худ кашида, ба манфиатҳои истифода мебаранд.
Дар маҷлиси кушоди суди шаҳри Тошканд оид ба корҳои ҷиноӣ парвандаи ҷиноии чунин шахсон Ш.С., Ф.Р.. ва А.Д. баррасӣ гардид. Аз ҷумла, Ш.С. моҳи сентябри соли 2011 бо мақсади пулкоркунӣ дар рухсатномаи стикерро, ки ҳуқуқи то 31-уми майи соли 2013 дар тамоми мамлакатҳои дунё рафтуо намуданро медиҳад, расмӣ кунонда, ба шаҳри Стокголми давлати Шветсия сафар кард. Дар он ҷо таҳти таъсири равияи динии экстремистии "Ҷиҳодчиён" монда, дар асоси даъватҳои аъзоёни фаъоли он худаш низ аъзо шуд. Бо мақсади нопок ба монанди барпо намудани давлати "Халифагӣ", ки ба "Қонунҳои шариати ислом" асос ёфтааст, бо сокини кӯчаи Тайлоқи ноҳияи Тайлоқ Б.З., сокини маскани Сартеппаи шаҳри Самарқанд Т.Ҳ. ва дигарон забон як кард. Манфиатҳои гурӯҳи ташкилёфтаи мазкурро ба назар гирифта, дар маҷлисҳои "ҷамоат"-и пинҳонии равияи динии экстремистии мазкур иштирок намуд. Ӯ ғояи ташкил намудани давлати "Исломии халифагӣ" дар ҳудуди Ӯзбекистон, бо аъзоёни он мубодилаи афкор намуд ва рӯирост иштирокдорони маҷлисро даъват намуд.
Минбаъд онҳо роҳҳои ба Сурия рафтанро ҷустуҷӯ карданд. Ф.Р. барои ба воситаи Молдавия ба давлати Туркия парида, аз он ҷо бо роҳҳои печутоб ба Сурия гузаштан аз Ш.С. барои хароҷоти роҳ 400 доллари ИМА гирифт.
Дар охирҳои соли 2015 Б.З. ном шахс, ки дар фаъолияти ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" иштирок менамуд, зудтар ба Сурия омадани Ш.С.-ро хоҳиш кард. Ш.С. 3-юми феврали соли 2016 аз авиарейси Стокголм-Истамбули давлати Шветсия ба Туркия рафт. Шарики ҷавонии ӯ Ф.Р. низ аз Молдавия ба Туркия омад. Сипас, онҳо бо ёрии Ясин ном шахси дар тафтиш аниқгардида ва ҳамроҳи шахсони дигар дар микроавтобус ба ҷониби давлати Сурия раҳсипор шуданд. Онҳо бо мақсади дар сафи ташкилоти байналхалқии таррористии "Давлати исломӣ" "ҷиҳод" кардан ва дар ҳаракатҳои ҷангии он иштирок намудан дубора бо роҳи печутоб ба роҳ баромаданд, то ки сарҳади Туркияву Сурияро бо роҳи ноқонунӣ гузаранд. Аммо азбаски дар роҳҳои вилояти Қаҳрамон Мараҷи Туркия камераи назоратӣ гузошта шудааст, аз сабаби шубҳаовар будан микроавтобус аз ҷониби ходимони полилитсияи Туркия ба ҳабс гирифта шуданд. Сипас, онҳоро ба Ханай ном лагер гузарониданд.
Ш.С. тартиби муқарраршударо вайрон карда, аз Туркия ба Украина рафт ва дар он ҷо барои худ паспорти қалбакӣ сохт. Дар он ҷо бо шаҳрванди Тоҷикистон А.Д. ва дигар шахсон шинос шуда, бо онҳо оиди дар сафи ташкилоти байналхалқии террористии "Давлати исломӣ" "ҷиҳод" кардан ва дар ҳаракатҳои ҷангии он иштирок намудан забони ҷиноӣ як карданд. Бо ин мақсад Ш.С., А.Д. ва шахсони дигар ба воситаи паспортҳои қалбакӣ ба шаҳри Харков рафтанд.
Маълум гардид, ки судшавандагон бо ин мақсад кӯшиши ба давлати Сурия гузаштан намуданд, аммо ин кӯшиши онҳо натиҷа надод. Оқибат, 12-уми июли соли 2016 Ф.Р. бо мақсади давом додани фаъолияти ҷиноии худ бо авиарейси Киев-Боку ба Ҷумҳурияти Озарбойҷон рафт. Дар он ҷо ӯро ходимони ҳифзу ҳуқуқ бо тартиби дахлдор дастгир намуда, ба Ӯзбекистон депорт намуданд. Ш.С., А.Д ва чанде дигарон низ, 14-уми июли ҳамон сол аз ҷониби ходимони хизмати мигратсияи Ҷумҳурияти Украина дастгир карда, ба Ӯзбекистон депортатсия гардиданд.
Суд далелҳои оиди парвандаҳои мазкур будаистодаро пурра ва холисона санҷида, баҳо дод. Мувофиқи моддаи 59-уми Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Ш.С. ва Ф.Р. ба муддати 15 сол, ба А.Д. 8 сол ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ муқаррар карда шуд.
Д.НАРБАЕВ, судяи суди шаҳри Тошканд
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.