Инак, ба диёрамон мавсими тирамоҳу зимистон даромад. Ҳарорати ҳаво сард гардида, бориш сар шуд. Аз сабаби бориши борони давомнок манзили дар пастиҳо ҷойгирифтаи мардум, кӯчаву пайроҳаҳо зери об монд. Аз бомҳо чакраҳои борон гузашт. Гӯё мардуми ғафлатзада аз хоби ноз бедор шуд. Оне, ки андак маблағ ва тайёрӣ дошт, хонаҳояшро бо ангиштсангу ҳезум ва ҳатто таппии чорво гарм сохт. Аммо дасткӯтоҳон, бепарвоён, ки ғами зимистонро дар тобистон нахӯрдаанд, ба тақдир тан доданду роҳи гази балониро интизор шуданд…
Мардуми маҳаллаҳои Боғи тилло, Найман, Чаман, Шӯрбойӣ, Шӯрбойича, Найзатеппа то 1-уми марти соли 2015 аз гази табиӣ истифода мебурд. Магар заҳри чашми нотавонбину ҳосиде кора кард, ки фишори гази табиӣ якбора гум шуд. Вақте ки мардуми бедордил шикояти зиндагӣ намуданд, аз Девони Вазирон ва идораи марказии "Узтрансгаз" ба маънои "… маҳаллаҳои номбаршуда ба ҳудуде, ки гази табиӣ намерасад, дохил гардидааст. Аҳолии ин мавзеъҳо бо гази балонӣ таъмин мешавад." ҷавобхат омад.
Масъулони ноҳиявӣ низ ба боварии халқ даромада, ваъда дода буданд, ки минбаъд моҳе як маротиба гази балонӣ мерасонанд. Дар аввал дар як-яку ним моҳ, сонитар дар яку ним - ду моҳ гази балонӣ меоварданд. Аз оғози соли равон - 2018 ба мо дар ду ним - се моҳ он ҳам бо муроҷиати чандмаротибаина ва ваъдаҳои "пагоҳу пагеш", дар охири ҳафта навбат мерасидагӣ шуд.
Масалан, рӯзҳои 31 октябр ва 1-уми ноябр, ки рӯзҳои боронӣ буд, қариб сад нафар мардум, аксарият занҳо зери бориш интизори мошини газ буданд. Аммо он наомад. Рӯзи саввуми интизорӣ, яъне 2-юми ноябр соат аз 14.00 гузашта буд, ки мошини гази балонӣ намоён шуд ва садои мардум, акнун гӯё якдигарро намешинохтанд, баланд шуд. Дар бордони мошин ҳамагӣ 85 дона балони газ буду чашминтизорон, ки қариб се моҳ боз газ нагирифтаанд, қариб сад нафар!.
Моҷарои газ ба ҷанҷоли бародарӣ, хешу таборӣ, ҳаққу ҳамсоягӣ табдил ёфт. Масъулон-ку балонҳои газро фароварда рафтанд, вале ҷанҷоли он се рӯз давом карду ханҷолаш ба дилҳо монд.
Магар ҳамаи ин носипосӣ, паст задани қадри инсон ва аз болои мардум хандидан нест? "Шиками сер чӣ парвои шиками гурусна дорад" мегӯяд халқи мо.
Ҳоло хунукӣ акнун сар шуд. Зимистони қаҳртунд ҳанӯз дар пеш аст. Шабҳои зимистонро мардуми миёнаҳол чӣ гуна мегузаронад? Барои як балон саломатиашро гум кунад, кӣ ба дардаш даво меҷӯяд?!.
Аз масъулони соҳа ҷавоб умедворем.
Муаллифи матн ва сурат
Р. ШАРИФ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.