Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲИССАИ КАЛОНИ «ҚӮРҒОНИ КАЛОН»

Корхонаи хусусиву истеҳсолӣ ва тиҷоратии «Қӯрғони калон» аз солҳои аввали Истиқлолияти мамлакатамон барои рушду равнақи соҳаи маориф ва маданияти кишварамон ҳиссаи босазое дорад.

«Алифбо»-ву «Бозиҳои шавқовари математикӣ» ва бозиҳои дигар, ки бо роҳу услуби содда ва фаҳмо барои бачаҳо тайёр гардидааст, барои бурро намудани зеҳни кӯдакон ва васеъ гардонидани афкору ҷаҳонбинии тифли томактабӣ ва хонандагони синфҳои мактабӣ хизмат менамояд.
- Ният дорам, ки рӯзҳои наздик дари боғчаи хусусиро низ кушода, дар он курси махсуси истифодабарӣ аз бозиҳои шавқовар, ки истеҳсоли корхонаи мост, ба роҳ монам. Адади бозиҳо аз ҳазор навъ ҳам гузашт. Аз ҷониби мутахассисони соҳа боз талабу супоришҳои нав гирифта истодаем. Он албатта иҷро шуда, барои донишандӯзии пухтаи насли наврас асос мегузорад. – гуфт сарвари корхонаи «Қӯрғони калон», депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия Мамадқул Шарифов.

Н.ДИЛРАБО
Аксбардор Б.ҚОДИРОВ


Последнее редактирование: 05/10/2018 14:34;   Просмотров: 1051
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку