Номи саркор ва ошпази пуртаҷрибаи замони худ шодравон Бозорбобо Ғаффорови сулфакабудакӣ барои мардуми миёнсол ва калонсоли маҳаллаҳои Кӯи сахо, Гулбоғ, Қӯшкӯпрук, Сафедӣ, Ӯрташиқ ва музофоти дигари ноҳияаамон ошност.
Аз он, ки бузургмарди тануманд ва қавлу амалашон ба бою миёнҳолон якхела буд, ҳама Бозороқсақол ном мебурданд ва ба ӯву фарзандони бобо пайравӣ менамуданд. Барҳақ, Бозорбобо тадбиркору тадбирандеши даврони худ буданд. Шаҳписарон Баҳронсаркору Мардонкалон (номи аслиашон Шарифбобо), Амондеҳқону Аъламтракторчӣ ҳама дар соҳаи худ пешсаф ва намунаи ибрати дигарон буданд Ҳоло онҳо бо вуҷуди пирӣ чун фаъоли маҳалла барои ободии диёр ҷонфидоӣ доранд. Тадбирандеширо, ки барояшон падармерос аст, ба писару наберагон омӯзонидаанд.
Вақте ки солҳои аввали Истиқлолият ба ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ҳукумат ғамхорӣ зоҳир намуд, домоди хонадон Бурҳонака Неъматов бо ҳамроҳии ҳамсари худ Дилфуза Бозорова коргоҳи хусусии наботпазиро, ки аз падарбузургаш омӯхта буд, дар маҳаллаи Сулфакабудак кушод ва ҷавонони атрофро ба ҳунаромӯзӣ даъват кард. Бисёр буданд ҷавононе, ки ба шираи набот ҳавас намуда, аз заҳмати он мегурехтанд. Олимҷон Бозоров бо вуҷуди хонандаи аълохони мактаб будан, аз меҳнати ҳалоли наботпазӣ наҳаросид. Баръакс, дар тафдони тасфони шира, деги пурҷӯши қиём, вазнбардории шакару сӯзишвориҳо боз ҳам пухт. Бо дуои устодаш Бурҳонака, маслиҳати падари ошпазаш Амонамак ва кӯмаки додараш Нозимҷон худ сехи наботпазӣ кушод. Ҳоло ин ҳунарманди ширинипаз худ тадбиркори яккатартибаасту маҳсулоти коргоҳаш бо тамғаи «Кристалл - Набот» ҳатто дар бозорҳои мамлакатамон харидорони худро дорад. Фарзандони меҳнатқарини ӯ Беҳзоду Беҳрӯз ва Шерозу Шерзод бо ин ҳунар номи баланд ва нони ҳалоли меҳнатро меёбанд.
Озод ҲАМИДЗОДА
Дар акс: лаҳзае аз фаъолияти тадбиркори наботпаз Олимҷон Бозоров
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.