Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«АФҒОН»-ҲОИ СУҒД ДАР САМАРҚАНД

Солҳои абарқудрат будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои дифои Инқилоби саври Афғонистон аз тамоми ҷумҳуриятҳо лашкари махсус таҳия ёфта, ба мамлакати ҳамсоя ирсол гардид, ки аз он Ӯзбекистони мо ва Тоҷикистони ҳамсоя низ истисно набуд. Пас аз пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ дӯстӣ ва ҳамкории ҷангварони байналмилал ҳам қариб, ки барҳам хӯрда буд.
Боиси хурсандист, ки бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи сарвари давлатамон риштаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҳамсоя мустаҳкам мегардад.

Чанде пеш як гурӯҳ ҷанговарони байналмилали вилояти Суғди Тоҷикистон ба Самарқанд ташриф оварда, меҳмони ноҳияи мо шуданд. Онҳо дар шаҳраки Гулобод зери пояи муҷассамаҳои ҷанговарони шаҳид, ки дар диёри Афғонистон ҷон додаанд, гулҳои тару тоза гузошта, ояте аз Қуръони карим тиловат карданд. Инчунин, меҳмонон аз идораи рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги», Хазинаи «Нуронӣ» дидан намуданд ва масҷиду мақбараи Хоҷа Аҳрори Валиро зиёрат карданд.
- Ман пас аз 37 сол бо дӯсти ҳамяроқам Мурод Саидов вохӯрдам, - гуфт меҳмони панҷакентӣ Ҳамроқул Одинаев, - Ҳарчанд аз байн бисёр солҳо гузашт, ёди он айёми мудҳиш аз хотир нарафтааст.
- Мо «афғон» - ҳои Суғд аз меҳмоннавозии самарқандиён ба риққат омадем, - таъкид намуд раиси Иттиҳодияи Ҷанговарони интернационалист Комил Содиқов.- Дар тӯли се рӯз тамоми ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла қабри Президенти аввалини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат кардем. Бо раиси «афғон»-ҳои вилояти Самарқанд Эркин Мавлонов аҳднома бастем, ки риштаҳои дӯстӣ боз ҳам мустаҳкам шуда, минбаъд зуд-зуд дида ба дидор мерасад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
котиби матбуоти иттиҳодияи «Сиёвуш»


Последнее редактирование: 05/10/2018 14:36;   Просмотров: 1061
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку