Бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба муносибати 60-солагии шоир, роҳбари шӯъбаи Маркази маънавияти ҷумҳурият дар шаҳри Самарқанд ва ходими адабии рӯзномаи "Гулобод тонги" Хуршед Нуруллоев шоми шеъру адаб барпо шуд.
Дар рафти тадбир, ки таҳти унвони "Эҷод - мазмуни умрам" ташкил гардид, раиси шӯъбаи вилоятии Хазинаи ҷамоатии "Нуронӣ", Қаҳрамони Ӯзбекистон Ҳ. Нормуродов, сарвари шӯъбаи тарҷумаи бадеӣ ва робитаҳои байналхалқии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Қароқалпоқистон Р. Мусулмон, корманди хизматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон Х.Бобомуродова, ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Я.Қӯчқоров, шоир Турсун Алӣ, раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Ф. Тошев, роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Т.Тугалов, раиси Маркази милливу мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд А.Маҳмудов ва дигарон оиди корҳои шоистаи Х. Нуруллоев дар рушди мамлакат, мазмуну моҳияти асарҳои ӯ, ҷиҳатҳои ба худ хоси ашъори шоир, доираи мавзӯот ва тасвирҳои ҷолибу фасоҳати забони эҷодкор ҳарф заданд.
Бояд гуфт, ки Х.Нуруллоев соли 1959 дар ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии меъмориву сохтмони Самарқандро хатм кардааст. Ба сифати эҷодкор дар муҳити адабии Самарқанд мавқеи ба худ хосро соҳиб буда, нахустин китоби ӯ соли 2005 бо номи "Бӯйи борон" ("Ёмғир ҳиди") нашр гардидааст. Баъд аз ин як қатор асарҳои назмиву насрии ӯ рӯйи чопро диданд. Ҳамчун ҳаҷвнигор чанд асар таълиф кардааст. Дар эҷоди нуктаҳои пандомез маҳорати хубе дорад. Дар китоби "Кӯнгилдаги гаплар" - "Гапҳои замири дил" афоризмҳои муаллиф оварда шудаанд.
Тадбир ба мушоираи адабӣ табдил ёфта, иштирокдорон аз эҷоди Х. Нуруллоев намунаҳо қироат карданд.
Мо низ ҳамкасби азизамонро бо ҷашни фархунда муборакбод намуда, ба ӯ умри дароз ва барори эҷодро таманно дорем.
Р.СИТОРА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.