Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХУМОРИ АШЪОР ВА ДИДОРИ ГУЛРУХСОР

Дар идораи рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" вохӯрӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизадори мукофотҳои олии чандин ташкилотҳои байналхалқӣ Гулрухсор Сафиева ва ҳамроҳони ӯ Умеда Давлатзодаву Иброҳим Дӯстализода ба амал омад. Шоира аз сафари Самарқанд хеле хурсанду мамнун гардид.

Ӯ таъкид кард, ки Самарқанд ҷойи муқаддас асту ҳама орзуи тамошои ин шаҳрро доранд. Ҳамин бахти баланд баъди чандин солҳо боз ба ман насиб гардид. Аз тамошои дили Самарқанд - Регистон, мадрасаву мақбараҳо, мавзеи Даҳбед, бозсозиву ободониҳо ва ғайра таассуроти воло гирифтам.
Дар рафти вохӯрӣ аз дӯстиву рафоқати байни халқҳо, адабиёти ин ду сарзамин, муносибатҳои муфиди тарафайн сухан рафт. Шеърҳо садо доданд.
Дар вохӯрӣ устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷ. Ҳамроев, Б. Хуррамова, Д. Ҳазратқулова, А. Воҳидов, шоиру нависандагон Н. Каримзода, Б. Убайдуллоҳ, А. Истад, З. Ҳасанзода, Б. Ҷумъа иштирок доштанд ва мубодилаи афкор карданд.

АЗ "ҚАНДИЛ"

Сухан ойина аст, ойинаи пок,
Булӯри хосаи покии идрок.
* * *
Ба бахти бадам ҳамдиёри манӣ,
Ба макру риё шармсори манӣ.
Сафири саҳар пушти дар музтар аст,
Ба рағми зиё шоми тори манӣ...

АЗ "ЛАБЧАНГ"

Дилам дар хонаи ишқи ту монда,
Сарам дар шонаи ишқи ту монда.
Аз он чӣ гуфтаму гуфтиву гуфтанд,
Фақат афсонаи ишқи ту монда.
* * *
Баъд аз ману ту афсона мемонаду ишқ,
Аз оҳи ду дил тарона мемонаду ишқ.
Дар як варақи хотираи барги хазон,
Ду мисраи ошиқона мемонаду ишқ.
* * *
Бо ишқи ту инқилоб кардам имшаб,
Ғамҳои туро китоб кардам имшаб.
То ишқи туро дар дили ман хоб барад,
Бо доруи хоб хоб кардам имшаб.
* * *
Аз аҳли вафо башоратам нест,
Аз хишти бақо иморатам нест.
Дар мактаби сабки худшиносӣ,
Илми ду ҷаҳон кифоятам нест.

АЗ "ДИГАР ИШҚ"

Зиндагӣ заҳр аст дар ҷоми набуда,
Зиндагӣ шаҳд аст дар коми набуда.
Зиндагӣ соз аст, сози бемуғаннӣ,
Зиндагӣ шеър аст, шеъри носуруда.

ГУЛРУХСОР


Последнее редактирование: 04/10/2019 15:52;   Просмотров: 978
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку