Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

соҲибони медалҲои тиллову нуҚра

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд маросими ботантанаи ба хатмкардагони мактабҳои таълими умумии вилоят супурдани медалҳои тилло, нуқра ва дипломҳои такмили ихтисоси имтиёзнок баргузор гардид.

Дар тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилоят ва Садорати таълими халқи вилоят ташкил гардид, мудирони шӯъбаҳои таълими халқи шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорони пуртаҷриба, 141 нафар хонандаҳои синфҳои 11-и мактаби таълими умумии вилоят, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Тадбирро ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ифтитоҳ бахшида, ҷавононро бо гирифтани медалҳои тилло ва нуқра табрик намуд.
Дар тадбир ба 78 хатмкунанда медали тилло, ба 63 нафараш медали нуқра ва дипломи такмили ихтисоси имтиёзнок супурданд.
Дар доираи тадбир аз рӯйи иҷрои 5 ташаббуси муҳими аз ҷониби Президентамон пешниҳод гардида, намоишнома ташкил карда шуд.
Дар тадбир инчунин, ба 14 нафар омӯзгороне, ки дар соли хониши 2018 - 1019 дар озмун - азназаргузарониҳои ҷумҳуриятӣ, чун "Рӯҳшиноси беҳтарини сол", "Омӯзгори беҳтарини фаннӣ", "Мактаби обод" натиҷаҳои баландро ба даст оварданд, бо ифтихорномаҳои Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Фирдавс АБДУРАҲМОНОВ, ғолиби озмуни ҷумҳуриятии "Рӯҳшиноси беҳтарини сол":
- Имрӯз ман ба чеҳраҳои хандони хатмкардагоне, ки соҳиби медалҳои тиллову нуқра шуданд, назар афканда хеле хурсанд шудам. Ояндаи ҷамъият ба дасти ҳамин ҷавонони аълохону фаъол аст. Ба онҳо бо ҳавас менигараму барори кор металабам. Аз омӯзгор буданам ифтихор мекунам. Хурсандам, ки ҷавонон сӯйи мақсадҳои олӣ ҳаракат доранд.
Дилафрӯз МУРОДҚУЛОВА, соҳиби медали нуқра, хатмкунандаи мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳия:
- Бисёр шодам, ки маро ба медали нуқра лоиқ шумориданд. Китобхонӣ, хусусан хониши асарҳои адибони бузург Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Лоиқ Шералию Фарзона ва дигарон ҷону дилам аст. Бо намуди волейболи варзиш шуғл меварзам. Якчанд моҳ дар "Мактаби маҳорати эҷодкорони ҷавон" - и назди рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" аз журналистон асрори рӯзноманигориро омӯхтам. Дар оянда орзуям журналист шудан ва ба халқу Ватан муносиб хизмат кардан аст…
Дар давоми тадбир шогирдони Маркази бачагонаи "Авлоди баркамол" - и вилоят бо иҷрои сурудҳои дилнишину рақсҳои дилфиреб ба ҳозирон кайфияти хуш бахшиданд.

Ҷамшеди АСРОР


Дата добавления: 27/06/2019 13:15;   Просмотров: 863
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку