Пагоҳии сешанбеи ҳафтаи гузашта машғули тарҳрезии навбатии рӯзнома будам, ки ба утоқи корӣ адабиётшиноси шинохтаи кишвар, дӯсти арҷманд Абдусалом Самадов ҳамроҳи ду нафар мардони ношинос бо табассуми малеҳ ворид шуданд. Пас аз одоби муошират маълум шуд, ки меҳмонон аз шаҳри Душанбе, аз Университети (славянӣ) Россия-Тоҷикистони ба мо дӯсту бародар ташриф овардаанд. Холмаҳмад Холов ва Абдурафиқ Ортиқов гӯён худро муаррифӣ карданд онҳо.
Аввалӣ доктори фанҳои филологӣ, дотсент, раиси кумитаи иттифоқи касаба, муаллифи чандин асарҳои илмӣ, дуюмӣ муҳаққиқи ҷавон, пажӯҳшгари таърих, пайдоиш, марҳилаҳои инкишоф ва бурду бохти матбуоти Тоҷикистон буданд.
Сӯҳбат аз расму оинҳои муштараки ду кишвар, миллатҳои ӯзбеку тоҷик алоқаҳои таърихан устувори адабию фарҳангӣ, дӯстиву ҳамдилӣ, риштаҳои хешутабории тарафайн оғоз ёфта, ба саъю кӯшишоти тақдирсози сарварони олимартабаи Ӯзбекистону Тоҷикистони имрӯза пайваст.
- "Обро аз рӯшноӣ кун қиёс, дӯстонро бо нигоҳи дил шинос", гуфтаанд шоири маҳбуби мову шумо Мирзо Турсунзода, - изҳори дил кард Х.Холов. - Ташрифи мо аз ду ҷиҳат хотирмон хоҳад буд. Якум, дидори ёру диёри азиз бошад, дуюм таҳким бахшидан ба равобити минбаъдаи аҳли илму адаби ду кишвари ҳамтабору ҳамҷавор. Чуноне, ки шоир мегӯяд:
Сухан аз назди сухандон баробари ҷон аст,
Ҳадиси нек ба ҷон гар харанд, арзон аст.
Хоҳони онем, ки фарзандони ҳар ду халқ, ҷавонони болаёқат, иштиёқмандони илму маърифат ба мактабҳои олии мо, аз ҷумла донишгоҳи номбурда воқеъ дар Душанбешаҳр таҳсили худро давом диҳанду анъанаҳои пешинаи падаронро мазмунан бой гардонанд.
Бароям Самарқанду самарқандиёни дилкашу донишманд хеле азизанд. Олими намоён шодравон Ҳамроқул Шодиқулов, адибони номӣ Шодон Ҳаниф, Адаш Истад, устод Холиқ Мирзозода, Аслам Адҳам ва садҳо дӯстони ба ҷон баробарро ёд овардан айни муддаост.
Ҳини сӯҳбат меҳмон китоби тозанашри худро таҳти унвони "Таърихи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ" (ба забони русӣ бо ҳаммуаллифии А.Аминов), ки борат аз силсилаи маърӯзаҳои илмӣ оиди адабиёти классикии тоҷикӣ-форсии аҳди қадим то асрҳои XIII-XIV ва намояндагони бузурги он аст, тӯҳфа намуд. Дар китоб андешаҳои тоза, бозёфтҳои нави илмӣ ва тавсияҳои хубро пайдо кардан мумкин аст. Дар бораи жанрҳои лирикии қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, фард, тарҷеъбанду таркиббанд, маснавӣ ва муламмаъ низ мулоҳизаҳои ҷолиб ҷойгир аст.
Тадқиқоти илмии мазкур ба доираи васеи мухлисони каломи бадеъ, донишҷӯёни факултаи филологияи русу тоҷик, омӯзгорон, мутахассисони ҷавон манфиатбахш мебошад.
Мо ҳам ба дӯстони ҳаммаслак намунаҳо аз нашрияҳои даврии ватанӣ ва китобҳои бадеии адибони Самарқанд тақдим кардем.
Қарор дода шуд, ки чунин ҳамоишҳои маърифатию фарҳангӣ минбаъд ҳам баргузор мегардад.
Н.КАРИМЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.