Ҳикоя Нусрат РАҲМАТ
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
– Дида шудмӣ, ҳамааш ба ман думашро меликконад. Лекин аз дасташон меомад ин нокасҳо маро як рӯз ҳам намемонданд!
Ба сурати шинос нигоҳам афтод, дилам гуп-гупкунон задан гирифт. Ин дафъа дар нигоҳҳои ӯ изтиробҳои зани бокирае, ки дар дасти одами ҷоҳил афтодаро, медидам. Оҳ, хеле, зебо буд ӯ.
Пас аз ҳамин ҳар дафъа қирраҳои нав ба нави ӯро кашф мекардам. Ман он духтарро бо интизориву ташнагӣ пазмон мешудам, барои чӣ бошад, ки пешонаҳояшро палмосиданам, тасалло доданам меомад. Соҳиб бошад, баръакс аксар вақтҳо халат пӯшида мебаромад ва нигоҳҳои ташнаи ман ҳамон изтироб мекашид.
Ҳамон рӯз аз маҳалла касе бо илтимос даромада омад.
– Ҳамин акаамон касал шуда мондаанд. Ба шифохона равем, ҷой нест мегӯянд…
Соҳиб ба кресло якпаҳлӯ нишаст, занаш аппарати телефонро ба наздаш оварда монд. Ӯ занг зада, ҳоҶати он мардро баровард. Пас пурсид:
– Дар куҷоҳо кор карда истодаед?
– ҳамон – дар ҷойи аввала.
– Ҷойи аввала дар куҷо буд?
– Фабрикаи паррандапарварӣ.
– Дарвоқеъ, мурғҳо фарбеҳ шуда гаштаанд-мӣ?
– Фарбеҳ шуда гаштаанд.
– Чӣ, фаҳмидан ҳасту, дидан нест-мӣ?
Ӯ худи ҳамин рӯз расониданро ваъда дод. Соҳиб хурсанд шуд ва барои чӣ бошад намоишкорона халаташро кашида, синаашро кушод.
– Мана, студент…
Ман хиҷолат кашидам. Фикр мекардам, ки соҳиб суратро маъқул карда монданамро намедонад.
– Медонистам, студент, медонистам ҳамин суратро маъқул карда монданатро.
Шояд маро аз хиҷолати ногаҳонӣ баровардан бошад, ӯ ба қадаҳҳо коняк рехт, яктоашро ба ман дароз кард.
– Умуман нӯшида наметавонам! Нанӯшидаам!
– Гирифта шавад, студент, тарихи суратро гуфта медиҳам.
Ман қадаҳро гирифтам.
– Ин сурат – аз Полша ёдгорӣ. Аз Контслагер.
Шавқам зиёд гардида, ба ӯ наздик шудам. Ӯ ҳам барои эътиборамро ҷамъ карда гирифтанам, як лаҳза хомӯш истода, пас давом дод.
– Бо як рассом ҳамроҳ афтода мондем. Одами хеле қобилу мӯмин буд. Сарнавишти мо номаълум буд. ҳамон вақтҳо аскарони худамон торафт наздик мешуданд.
– Дӯстам, рӯзе бо илтиҶо гуфт, рассом, - сӣ сол боз дар хаёлам як симоро гирифта гаштаам. Не нагӯӣ, ҳамонро дар қафаси синаи ту кашам. Китфонат хеле васеву беғубор будааст.
– Ба сураткашӣ бало ҳастмӣ, имрӯз пагоҳ мемурем? – гуфтам нохуш.
– Не, мо намемурем, –гуфт ӯ бо боварӣ, - ин расм ба ту фоида мерасонад. Бовар кардан гир!
Ман рӯболо хобидам. Ӯ бисёр заҳмат кашид. Бо қалам нақш гузошта сӯзанро ба ранги сиёҳ ғӯтонда халонида баромад. Пас аз як ҳафта моро барои парронидан гирифта баромаданд. Фашистони аблаҳ ҳамаи моро дар як саф монданд. Ин дам мӯъҷиза рух дод. Афсаре, ки аз пеши саф гузашта мерафт, махсус ба оқиб баргашта, ба сурати дар пеши барам буда, бо ҳавас нигоҳ карда монд. Пас ҳамроҳонашро низ даъват намуд. Онҳо хеле вақт байни худ чизеро муҳокима карданд. Баъд афсар маро аз саф бароварда фиристод.
– Дигарон чӣ? – саросема пурсидам.
– Парронда партофтанд. – гуфт ӯ хунукакак.
– Рассомро ҳам?
– Ҳа!
– Афсӯс? Номашро напурсидед?
– Аз хотирам фаромӯш шудааст, – гуфт ӯ лоқайдона, – сипас ҳамон афсар суратро маъқул карда монд. Маро ба Германия бурданӣ шуд, аммо лашкари моён пахш карда омаданд, ки илоҷи бурдан нашуд. Баъд шушам шамол кашида, ба беморхона хобидам. ҳамин суратро врач ҳам дӯст дошта мемонад. Дертар фаҳмам барои ҳамин табобат ёфта бошам ҳам, маро ҷавоб надода будааст. Бо як ҳамшира унс гирифтем. ҳамроҳ гирифта, куҷо ту Самарқанд гуфта ба роҳ баромадам. Дар ин ҷо кундошҳо муросо карда натавонистанд. Аз дуи онҳо ҳам рӯй гардонда, ба зани ҳозираам хонадор шудам.
Соҳиб суханашро ба охир расонид. Дар пеши чашмони ман бошад, сураткаши боистеъдоди ба қатл ҳукм шуда, зане, ки ҳамин як марди ифлосро интизор гашта, орзуҳояш ба сароб табдилёфта ва боз дигар чизҳо намоён гардид.
Соҳиб нақлашро давом дод:
– Рӯзе як пирамард дар ҳаммом ин суратро маъқул кард. “Рассом будааст. Иҷозат деҳ, аз пешонааш як бӯсам” – гӯён хеле илтимос кард. Ҷавобашро додам.
Ӯ қадаҳи дар наздаш бударо пур кард. Қадаҳи маро низ бо зӯрӣ ба дастам дод.
– Давай, студент, менӯшем!
– Майлаш.
– Давай!
– Барои нест шудани Ҷанги хонумонсӯзе, ки ба одамони нағз ҳамавақт қирон меоварад!
Сипас ба утоқам шитобидам. Дар Ҷанги ҳаёт-мамот соҳиби иштироккарда ва боз шахсони гуногун аз пеши назарам монанди лентаи кино пайдарпай ва гаштаву баргашта хеле вақт ҷилвагар гардид.
Тарҷумаи Малика ҶУМЪАЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.