Маҳсулотҳо дар қоғаз аз анбор баромад мекард, занаш бошад ба ҳисоби ошхона даромад мекард.
Агар мабодо назоратчӣ омада монад, ҳисобашро меёфтанд. Ба ӯ ришва дода гусел мекарданд. Роҳбари коллеҷ ҳам бо мудири анбор шарик буд.
Аз ҳисоби маблағи дуздӣ ҳавлиҳои Солеҳ аз нав сохта шуданд, мошинҳои қиматбаҳо ду-се маротиба нав шуданд. Дар бағали кӯҳ дача бунёд шуд. Дар шаҳр ресторан-тӯйхонаи боҳашамат кад рост кард. Якчанд дӯконҳои савдоро сохта ба иҷора дод.
Фарзандон низ соҳиби хонаву дар шуданд. ҳамин тариқ 10 сол зану шавҳар ба таътили меҳнатӣ набаромада кор канданд. Касе набуд, ки пеши роҳи ин қонуншиканиро гирад. Дар аввали солҳои 90-ум ба қонуну қоида эътиборе набуд. Шиори он замон чунин буд:
Ҳеҷ кас ба касе коре надорад,
Ҳар ки тонаду дар намонад.
Ҳамин тавр синни Солеҳ ба 50 расид. Рӯзи таваллудро дар яке аз тӯйхонаҳои боҳашамат нишон гирифт. Ӯ гӯё ки хушбахт буду ҳеҷ хел муаммо надорад.
Рӯзе вақти аз кор баргаштанаш дар роҳ ба мошини дигар шахс рафта мезанад. Солеҳ аз мошинаш фуромада дашном медиҳад. Ронанда ба ҳақорати Солеҳ тоб оварда натавониста, Солеҳро мушткӯби мекунад. Ба замин ғалтонида бо пойҳояш мезанад. Одамҳо омада онҳоро ҷудо мекунанд. Баъд малум мешавад, ки ронандаи гунаҳкор варзишгар будааст. Мумкин, ки ҳамон коллеҷи захираҳои олимпиро хатм карда бошад. ҳамон рӯз Солеҳ ба хона руҳафтода баргашт. Мошинашро соз карда ба кораш рафта омадан гирифт. Баъди шаллоқ хӯрданаш аз дарди шикам шикоят мекардагӣ шуд. Дард рӯз аз рӯз сахттар шудан гирифт.
Солеҳ маҷбур шуд ба духтур муроҷиат кунад. Ин духтур ба дигар духтур мефурсонд. Ваяш боз ба дигараш мефармуд, натиҷа набуд. Сабаби касалӣ ноаниқ буд. ҳатто барои аниқ кардани ташхис ба шаҳри Киев ва Маскав рафта омад. Касалиро аниқ карда натавонистанд. Духтурони маҳаллӣ тахмин карданд, ки ин дард дарди саратон бошад. Ба Солеҳ муолиҷаи химиёвӣ ва радиоактивӣ фармуданд. Баъди гирифтани ин муолиҷа аҳволи Солеҳ бадтар шуд.
Маблағе, ки барои аниқ кардани таҷҳизу муолиҷа сарф шуд, ҳисоб надошт.
Солеҳ шабу рӯз фикр мекард, ин касали аз чӣ сабаб ба ӯ печид. Ва ҳодисае ба ёдаш омад. Рӯзе набераи Солеҳ набераи ҳамсояро дошта мезанад. Модаркалони бачаи шаллоқхӯрда ба назди Солеҳ омада хост, ки Солеҳ ба наберааш фаҳмонад, ки бо ҳамсоя ҷанг кардан хуб нест. Солеҳ ба суханҳои кампир то охир гӯш накарда мегӯяд: -Шумо барои тавон гирифтан омадед, инро кушоду равшан гӯед, ман чанд сӯм хоҳед медиҳам, марҳамат.
Ва аз кисааш пулро баровард. Кампир пулро диду гуфт: - Пули ҳаромат сарата хӯрад! Ин пулҳо аз ҳисоби ҳақи фарзандони мардум ба кисаат даромадагӣ, рӯзе сӯрох карда мебарояд. Ман туро одам гуфта ба наздат омадам, ту боши ҳама чизро бо пул чен мекунӣ. ҳайф ба ту.
Ин суханҳои кампирро Солеҳ ба хотир оварду хост, ки назди кампир рафта узр пурсад, дилашро ёбад. Лекин аз ҷояш хеста наметавонист, мадор надошт.
Занашро даъват кард. Занаш дарҳол назди шавҳараш омад. Солеҳ гуфт, ки кампири ҳамсояро ба наздаш биёранд, гап дорад. Зани Солеҳ ба назди ҳамсоякампир рафта мақсади шавҳарашро гуфт. Кампир аввал розӣ нашуд. Баъд фаҳмид, ки Солеҳ чанд вақт боз касал, розӣ шуду омад.
Солеҳ ба кампир салом дод. Кампир низ ба салом алек гирифту аҳвол пурсид. Солеҳ ба рӯзи ба кампир пул тавсия карданашро хотиррасон карда, узр пурсид: Хола, маро бахшед, ман ҳамон рӯз тезӣ кардам, шуморо ранҷонидам, маро боз як бор бахшед.
Кампир ба суханҳои Солеҳ гӯш андохта гуфт: Бачем, айб ба ту не, айби замона. Замона туро аз худ равонд. Ман туро мебахшам, дилатро ором кун, бачем.
Вақти баромада рафтанаш кампир ба зани Солеҳ нигоҳ карда гуфт:
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст,
Дил, ки ранҷид аз касе хурсанд кардан мушкил аст.
Аз ин воқеа каме нагузашту Солеҳ бандагиро ба ҷо овард. Вафоти Солеҳро муйсафедон шунида гуфтанд: Солеҳ одами бад набуд, ӯ қурбони нафсаш шуд, ба ҷазои худо гирифтор гардид.
Наздиконаш ба дафн таёрӣ дида, аз зери болинаш қоғазеро ёфтанд. Дар дарунаш номи 6-7 кас зикр шуда буд. Ин рӯйхати одамони аз Солеҳ қарз гирифтагон буд.
Баъди дафн, зани Солеҳ хост, ки оҳиста-оҳиста пули шавҳарашро ҷамъ карда гирад. Ба назди қарздорон рафта пулҳоро талаб кард. Касе аз қарздорон ба қарз иқрор нашуд. Ва илоҷи рӯёнданашро наёфт. Пулҳо чи хел осон ба даст даромада бошанд, ҳамон хел баромада рафтанд.
Мо дар аввали қисса сухани мӯйсафеди дар бозор бударо оварда будем, ки аз тарозу зада, ҳақи касеро дуздида хӯрдан гуноҳи азим аст. Ин хел одамонро худонотарс мегӯянд.
Чи хеле ки шоир гуфтааст:
Серии рӯи замин аз кони гандум мешавад,
Равғани аҳли ситам аз моли мардум мешавад.
Рӯ ба ҳақ меовару аз моли мардум тавба кун,
Моли мардум бар тани ту мору каждум мешавад.
Баҳром ИСТАМҚУЛОВ,
собиқадори меҳнат, деҳаи Чоршанбе
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.