Бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати матбуот ва ахбори вилоят ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммавӣ ба "миёнбанди тиллоӣ"-и шаҳри бостонӣ - ноҳияи Самарқанд пресс-тур ташкил гардид.
Роҳбаладии гурӯҳро сардабири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник", раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев ба ӯҳда гирифта, саёҳат аз зиёрати масҷиди ҷомеъи Хоҷа Аҳрори Валӣ, мадрасаи Нодир Девонбегӣ оғоз ёфт.
Ҳозирон дар назди қабри яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ сар фуруд оварда, ояте аз Қуръони Карим тиловат карданд.
МАРҲАБО, БА МАСКАНИ МАЪРИФАТ!
Дар маҳаллаи Хаймари боло солҳои тӯлонӣ бинои масҷид бекор хобида буд. Чанде пеш ҳокими ноҳия дар деҳа қабули сайёр ташкил кард ва зиёиёнро даъват намуд, ки дар бинои масҷид - китобхона бунёд гардад, нуран ало нур аст. Дар муддати кӯтоҳ иншоот аз таъмири хушсифат баромад ва китобхона ташкил гардид. Мардуми деҳа барои ободу зебо шудани китобхона саҳми муносиб гузоштанд.
Боиси хурсандист, ки дар маросими кушодашавии китобхона меҳмонон-журналистони вилоят ширкат варзиданд.
Роҳбари гурӯҳ Фармон Тошев дар бораи панҷ ташаббуси Президент, ки яке аз онҳо тарғиби китобхонӣ аст, ҳарф зад.
Толибилмони мактаби таълими умумии рақами 12-и деҳа дар ситоиши китоб шеъру суруд гуфтанд.
- Мо хеле сипосгузорем, ки ҳокими ноҳия барои ташкил кардани китобхона ёрии моддӣ ва маънавӣ расонд, - барафзуд собиқадори таълими халқ Раҳмонқул Ҳамроқулов.- Минбаъд аз ин маскани маърифат на танҳо аҳолии гузар, инчунин фарзандону набераҳои мо баҳраманд мегарданд. Воқеан, дар ҷевонҳои китобхонаи нав аллакай беш аз ду ҳазор нусха китобҳои бадеӣ ва илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ ҷамъ шудааст. Аз тарафи ҳокимияти ноҳия компутери замонавӣ низ тақдим карда шуд.
Дар ҳудуди ноҳия 1795 субъекти тадбиркорӣ (ғайр аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ва фермерӣ) аз рӯйхат гузаронида шуда, ҳоло 1658 субъект фаъолият дорад. Қисми асосии субъектҳои тадбиркорӣ ба соҳаҳои савдо, саноат ва сохтмон рост меояд.
Бо иштироки сармояҳои хориҷӣ 26 корхонаи муштарак ба рӯйхат гирифта шуда, аз он 23-тояш кор мебарад.
ШАРБАТ-НӮШОКИИ ШИФОБАХШ
Дар охирҳои асрҳои гузашта дар шафати шаҳраки Гулобод коргоҳ(завод)-и коняку вино арзи вуҷуд дошт, ки маҳсулоти он ба хориҷа низ содирот мегардид. Дар солҳои истиқлол тадбиркорону сармоядорони навовар пайдо шуданд, ки заводро таъмир намуда, ба ҷои машрубот истеҳсоли шарбати ангуру меваро ба роҳ монданд. Ҳоло завод на танҳо дар Самарқанд, балки дар ҷумҳурият ба мавқеи хосса соҳиб аст.
Имрӯзҳо дар коргоҳ қариб 20 намуди шарбатҳои хушсифати мева истеҳсол гардида, на танҳо дар қаламрави Ӯзбекистон, балки ба кишварҳои Россия, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон,Туркманистон ва ғайра содирот мешаванд.
ШИОРИ КОРГОҲ: СИФАТ, ҚУВВАТ,
ОСОНИИ ИСТИФОДА
Корхонаи муштараки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ӯзбекистон-Россия "INTER KRISTAl SAVDO SERVIS" қубурҳои диаметраш аз 15 то 159 мм-ро истеҳсол мекунад ва харидорҳои хеле зиёд дорад. Бояд таъкид намуд, ки корхона ашёи хомро аз Россия оварда, баъди коркард ба мизоҷон мерасонад. Завод дар як моҳ аз 4500 то 6000 тонна қубурҳои ҳаҷмашон гуногунро истеҳсол менамояд, ки аз ҷиҳати сифат ба андозаи байналхалқӣ ҷавобгӯ аст.
Хабарнигорон дар мусоҳиба бо масъулони корхона фаҳмиданд, ки онҳо нақшаҳои калон доранд. Коргоҳ фаъолияти худро дар оянда васеъ намуда, 50 нафар ҷавонро бо кор таъмин менамояд. Аз ҳама муҳимаш нархи маҳсулоти завод нисбат ба бозори дохилии мамлакат хеле арзон аст. Сипас, дар хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии "A'ZAM AZAMAT AGRO"-и ноҳия барои вакилони ВАО анҷумани матбуотӣ ташкил гардид, Дар он ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов сухан кард.
- Ман аз имконияти хушбахтона истифода бурда, Шумо, аҳли қаламро бо фарорасии иди касбӣ табрику таҳният мекунам ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорам, - гуфт Шӯҳрат Ӯроқович. - Шояд ҳамаи шумо хабардор ҳастед, ки ноҳияи Самарқанд на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурият низ нуфузу мавқеи ба худ хос дорад. Дар ноҳия қариб 250 ҳазор аҳолии гуногунмиллат ҳамчун фарзанди як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ ба сар мебаранд. Қариб 50 адад муассисаҳои таълими томактабӣ, 54 адад мактабҳои таълими умумӣ бо таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Дар ноҳия 517 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, танҳо соли гузашта шумораи онҳо қариб ба 90-то афзуд. Танҳо дар 5 моҳи соли равон 462,7 млрд. сӯмина маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид.
Дар ноҳия баробари комёбиҳо муаммоҳо бисёранд. Мо бо дастгирии Сарвари давлатамон ва ҳокимияти вилоят камбудиҳоро барҳам хоҳем дод. Пас аз анҷумани матбуотӣ журналистон ба муассисаи таълими томактабии хусусии "DILNURA ANJELINA" ташриф фармуда, бо корҳои ибратбахши он шинос шуданд. Мудираи он Дилафрӯз Қобилова иброз дошт, ки бо ташаббуси Раисҷумҳури кишвар ба бунёд гардидани муассисаҳои таълими томактабӣ диққати махсус дода мешавад. Мо аз давлат 2 млрд. сӯм кредити имтиёзнок гирифта, бинои хушҳавои зебои замонавӣ сохтем. Ҳоло қариб 100 нафар фарзандони маҳаллаи Деҳнавро мураббиёни баландихтисос таълиму тарбия медиҳанд.
Рӯзноманигорон инчунин ба корхонаи хусусии коғазбарории Конигил сафар намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд. Мактаби "Кулолони ҷавон", ки қариб 30-нафар писаракону духтаракон асрори касби кулолиро меомӯзанд, таассуроти калон гузошт.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.