Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУСАВВИРИ ШАҲНОНДАРА

Рассоми рангинхаёл ва чирадасти Шаҳнонзамини куҳан (Оҳалики имрӯза) Ҷумъабой Абдурауфов солҳост, ки дар ҷодаи санъати тасвирӣ, алалхусус дар жанрҳои рангтасвир, графика, композитсия доди ҳунар медиҳад. Чуноне ки санъатшиноси маъруф Шаҳло Барноева таъкид мекунад, ӯ солҳои охир дар самти рангтасвири абстракт низ бо мушоҳидаи амиқу фалсафӣ, хаёлоти хос асарҳои ҷолиби диққат меофарад.

"Кайфияти баҳорӣ", "Таваллуд", "Колорити анорранг", "Эҳёи ҳаёт" ва дигар композитсияҳои шавқангез ҷаҳони афкору андеша, илҳоми пурҷӯши рассомро инъикос кардааст. Нафосат ва ҷозибаи табиат, манзараҳои дилфиреби фаслҳои солро бо маҳорати баланду бетакрор ба риштаи тасвир гирифтан як ҷиҳати намоёни услуби эҷодии ӯст.
Устодони ӯ А.Ғаниев, Г.Кузмин, А.Умаров, А.Бесперстов, Я.Санпилкиди рассом ва педагогҳои машҳуранд. Ҳамдиёри номии мо Ҷ.Абдурауфов низ баробари эҷод ҳамчун узви Иттиҳодияи эҷодии Академияи бадеии Ӯзбекистон, раиси сексияи "Кор бо рассомони ҷавон", устод - педагоги коллеҷи санъати Самарқанд фаъолияти пурсамар дорад.
Чанде пеш албом-китоби асарҳои мунтахаби мусаввир таҳти унвони "Оҳангҳои қуллаҳои кӯҳӣ" ("Мелодии горных вершин", нашриёти "Ноширлик ёғдуси", Тошканд) бо адади 500 нусха ба табъ расид, ки дар ҳаёти маънавиву мадании кишвар воқеаест шоёни таҳсину эътироф. Ҳамчунин дар ин рӯзҳои ҷашни 70-солагии рассоми самарқандӣ, мо гурӯҳи адибону журналистон, аҳли қалами ноҳия фарзанди маҳбуби Сайқали рӯи заминро самимона муборакбод гуфта, зафарҳои навбанави эҷодӣ таманно дорем. Чуноне ки Пабло Пикассои машҳур мегӯяд: "Умр кӯтоҳ, вале санъат ҷовидонист".

МЕҲРАНГЕЗ


Последнее редактирование: 12/12/2019 15:28;   Просмотров: 880
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку