Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МЕҲРНОМА

Сӣ сол ба назар гӯё дирӯзакак менамояд. Аз ҷиҳати солҷамъ ҳамин муддати андак ҳам зиёда аз чоряк асрро ташкил медиҳад. Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят - рӯзномаи "Овози Самарқанд" ба синни навҷавонӣ расид, яъне, аз он рӯзе, ки шумораи аввалинаш ба нашр шуд, сӣ сол сипарӣ гардид.

Ба фикрам, айёми гузашта, заҳмати сисолаи "Овозиён"-ро атрофиён нек баҳогузорӣ мекунанд. Борҳо шунидаем, ки арбобон ва фозилони давр аз минбарҳои баланд чунин баҳо додаанд:
"Овози Самарқанд" дигар ба рӯзномаи навтаъсис монанд нест, вазифаашро, ки иборат аз инъикоси ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавияти халқ, тарғиби дӯстӣ ва бародарии халқҳои ҷумҳурият, инъикоси масъалаҳои маориф, санъату адабиёт, саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлолияти кишвар ва ғайра буд, ба пуррагӣ, мисли як рӯзномаи собиқадор иҷро мекунад."
Оё ҳама ҳам чунин мепиндорад? Магар ҳама ҳам чунин назари гарм дорад? Аз заҳмати зиёди ҷамоати рӯзнома дар айёму вазъи гуногун, табадуллоти сиёсӣ, бетарафиву бешарафии баъзе ҳамзабононамон албатта соҳибдилон огоҳанд. Ба ҳар ҳол, дар ҳама вазъият бори гаронро дар китфи худ гирифтани эҷодкорон, дар гармиву сардии рӯзгор дастгирӣ кардани муассис - ҳокимияти вилоят ва мухлисони деринаро аҳсант мебояд гуфт.
Сармуҳаррирони собиқи рӯзнома, шодравонҳо Нор Остонзода, Ғафурҷон Маҳмудов бо аҳли ҳайъати таҳрир, ки барои номи онҳоро як ба як бо ифтихор ва самимияти беш ба забон овардан дар ҳаҷми як мақола аз имкон берун аст, то ба муваффақиятҳо соҳиб шудан азоби зиёд кашидаанд.
Ба ҳар ҳолат номҳои Хурсанд Ҷумъазодаву Бахтиёри Ҷумъа, Ӯктами Иброҳиму Акбар Пирӯзӣ Тошқул Азимзодаву шодравон Шавкати Баҳром, Тоҳир Фаттоҳзодаву Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳиву Шӯҳрати Ҳусейн ва Зоҳир Ҳасанзодаву Фарҳод Неъматов, Икром Ортиқов ва устодони дигарро ёдрас шудан мехоҳем.
Боз гурӯҳи аҳли фазлу ҳунар ва адаб аз ҷумла, Қаҳрамони Ӯзбекистон, таъмиргари ёдгориҳои таърихӣ шодравон Мирумар Асадов, Арбоби шоисаи санъати Ӯзбекистон, рассом Даврон Сафозода, нависандаи раҳматӣ Болта Ортиқзода, академикҳо Ботурхон Валихоҷаев, Раззоқ Ғаффоров, журналистони собиқадор Акбар Усмонов ва Муайяна Хоҷаева, профессорон Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, фахриёни маорифи халқ Убайдуллохон Нарзиев, Насимхон Маҳмудов, Насрулло Убайдуллоев ва Аслам Аҳроров, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ӯзбекистон Азиз Юнусзода, файласуф Акбар Аҳтамов, бародарони донишманд Матлуб ва Хуршед Самеъбоевҳо, собиқадори хоҷагии қишлоқ Ёқубҷон Норбоев, олими санъатшинос Ато Аҳроров, Мардон Шарофов, Нӯъмон Маҳмудов, Муқимҷон Орифӣ, Латифҷон Раҳимӣ, Хуршед Маҳмудов, Толиб Юнусзода, устоди шоистаи варзиши Ӯзбекистон шодравон Муҳаммадҷон Аҳмадов, сарояндаи худшинос Самад Қурбони раҳматӣ ва дигаронро бо ифтихор қайд менамоем.
Хушбахтона, "Овози Самарқанд" дар ин муддат ба муваффақиятҳои назаррас низ соҳиб гардид. Аз ҷумла, рӯзнома, ки аввал ба тарзи офсетии пленканусха чоп мешуд, сонитар, аниқтараш аз соли 1993 ба чопи қӯрғошимӣ гузашт. Кас ба тарзи чунин кор назар афканда, "ҷанги оташу одам"-ро ба хотир меовард. Ҳарфи мисӣ нақши худро ба қӯрғошимпораҳо мегузошт. Ҳуруфчину саҳифабанд бо мису қӯрғошими тафсон кор мекард. Сонитар, "Овоз" ба чопи компютерӣ гузашт. Барои собиқадорони матбуот кор бо компютер ба мисоли воридшавӣ ба ҷаннат басо сафобахшу роҳатбахш ба назар мерасид. Бештар аз дигарон азоби гузаришҳоро ба усулҳои нав котибони масъул аз сар гузаронидаанд. Ин вазифаи заҳматталабро дар "Овози Самарқанд" Бахтиёри Ҷумъа, Ӯктам Иброҳим, Ҳазрат Сабоҳӣ, Шӯҳратҷон Аноров, Фарҳод Неъматов ва камина низ ба зимма доштанд.
Бояд бо ифтихор ёдрас шуд, ки ҳар як навгонии хуш аввало дар "Овози Самарқанд" ба вуқӯъ меомад ва дигарон давом медоданд.
Ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки услуби чопи компутериро "Овози Самарқанд" пеш аз дигарон қабул намуд. Аз формати хурди А-3 ба андозаи А-2-и калон гузаштан низ бори аввал ба "Овози Самарқанд" ба вуқӯъ пайваст. Саҳифаҳои аввалу охирини рӯзномаи "Овози Самарқанд", қабл аз дигарон рангаву хоно гардид.
Ҳоло дар бораи "Мактаби маҳорати журналистони ҷавон"-и назди идораҳои рӯзномаҳои вилоятӣ бисёр ҳарф мезананд. Манфиати маънавии мактаби мазкурро аҳсант мехонанд. Бояд ба хотир овард, ки чунин мактаб ҳанӯз солҳои 1993-1994 дар идораи рӯзномаи "Овози Самарқанд" амал мекард. Он бо ташаббуси сармуҳаррир Нор Остонзода, ҷонишини ӯ Хурсанд Ҷумъазода ба миён омада, масъулияташ бар зиммаи адибу рӯзноманигори тавоно Адаш Истад бор буд. Онро ба ибораи академик Ботурхони Валихоҷа "Академияи Адаш Истад" ном мебурданд ва ҳоло аксарияти фориғуттаҳсилони ин коллеҷи эҷодкорони ҷавон таълими аввали журналистиро аз устодони ҳамин коллеҷ гирифтаанд.
Ин нукта ҳангоми супоридани сертификат ба хатмкунандагони гурӯҳи дуввуми Мактаби маҳорати журналистони ҷавони назди "Овози Самарқанд" бори дигар возеҳу равшантар пеши назар омада буд. Хонандагон огоҳанд, ки кормандони "Овози Самарқанд" дар озмунҳои гуногуни эҷодиву варзишӣ низ ғолибиро ба даст меоранд.
Ҳамаи онҳоеро, ки ба "Овози Самарқанд" ихлос доранд, дарди онро доғи дил медонанд, барои хушсифат, бомаънӣ, бо адади зиёд чоп гардидани он ҳиссагузор мешаванд, бо ҷашни сисолаи рӯзнома муборакбод мегӯям. Аз он сарбаландӣ дорам, ки солҳои 1994-2016 дар ин даргоҳи бароям хеле мӯътабар кор кардаам. Солҳои 2011-2016 сармуҳарририи онро бар дӯш доштам. Бо аҳли эҷоди онрӯзаи рӯзнома аз ҷумлаи ҷонишини сармуҳаррир Асадулло Шукуров, котиби масъул Бахтиёри Ҷумъа, мухбирон Дилрабо Насимӣ, Тошқул Азимзода, Фозил Шукурзода, Дилафрӯз Облоқулова, Ҷамшед Обидов, Дилдора Ҳалимова, Хироҷ Раҳмонов ва дигарон ба муваффақиятҳои гуногун бо заҳмат ва меҳнат расидаем.
Шукр, рӯзнома боз хонандагони худро ёфтааст. Соҳиби "Қалами тиллоӣ" гардидааст. Заҳматписандони имрӯзаи идораи рӯзномаро бо сарварии сармуҳаррир, олим ва шоир Баҳодур Раҳмонов ташаккур изҳор мекунам, ки бо мадади Шумо "Овози Самарқанд" солҳои дароз дар майдони сухани Ӯзбекистон минбари худро меёбад.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 31/10/2019 11:27;   Просмотров: 930
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку