Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАРКАЗИ ДОИМБАҲОР

Дар Маркази бачаҳо "Баркамол авлод" тадбири "Хайр, маркази азизам!" баргузор гашт. Дар он роҳбарону аъзоёни маҳфил, ки дар давоми соли хониши 2018-2019 дар озмуну намоишҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриятӣ фаъолона иштирок намудаанд, бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гаштанд.

Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриятии "Роҳбари маҳфили беҳтарини сол" Умеда Сиддиқова ҷои дуюмро ишғол намуд. Н.Ахмедова бошад, дар озмуни "Мутахассиси беҳтарини Маркази ахбору ресурси сол" ҷои сеюмро ба даст овард. Аъзоёни маҳфили "Техникони ҷавон" А.Раҳимов, Д.Насимҷонов, Д.Қаҳҳоров, Д.Одилҷонов дар озмуни ҷумҳуриятӣ ғолиб шуданд. Доирабадастони ноҳияамон дар озмуни ҷумҳуриятии "Зарб - 2019" сазовори ҷои дуюм гаштанд.
- Барои хотирмон гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон ҳар як роҳбари маҳфили марказ нақшаи тадбирҳои гуногунро меандешад, - изҳори ақида намуд директори марказ З.Холмирзоева. - Ин ҷо баробари ҳунаромӯзӣ бачаҳо дар озмунҳои гуногун иштирок хоҳанд кард. Ташкили намоишнома ва филмҳои шавқовар дар назар аст.

Н.ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 08/06/2019 16:41;   Просмотров: 953
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку