Бо мақсади таъмини иҷрои панҷ ташаббуси муҳими аз тарафи сарвари давлатамон пешниҳодгардида бо саъю эҳтимоми шӯъбаи таълими халқии ноҳия дар мактаби таълими умумии рақами 17 озмуни "Ман муаллиф" баргузор гардид.
Дар он хонандагони 54 мактаби ҳамагонии ноҳия аз рӯи шартҳои байтбаракбозӣ ва эҷоди шеър дар мавзӯъҳои падару модар, Ватан ва бачагӣ дар муддати муайян қувва озмуданд. Доварон - муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Гулобод тонги", шоир Н.Каримзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд", шоир Б.Раҳмонов ва устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент Ш.Нормӯъминов баромади хонандагонро баҳогузорӣ карданд. Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ дар байни духтарон ҷойи аввалро хонандаи мактаби таълими умумии рақами 26 Сарвиноз Бозорова, ҷойи дуввумро таҳсилгирандаи мактаби рақами 8 Шаҳноза Каримова ва ҷойи саввумро шогирди мактаби таълими умумии рақами 49 Нозима Шукурова, байни писарбачаҳо ҷойи аввалро хонандаи мактаби рақами 34 Абубакр Аҳмадҷонов, ҷойи дуввумро шогирди мактаби таълими умумии рақами 43 Шаҳрам Мавлонов ва ҷойи саввумро таҳсилгирандаи мактаби таълими умумии рақами 9 Зафар Давронов ба даст оварданд.
Ситора
РАҲМОНБЕРДИЕВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.