Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЛАВҲАЕ БА ЁДГОР

Рӯзи иди моҳи шарифи Рамазон дар даромадгоҳи деҳаи Кӯи Сахо, дар сари кӯчае, ки ин номи ҷанговари диловари байналмилал, шаҳиди диёри афғон Хироҷиддин Ғиёсовро дорад, баъди таъмиру дигаргун сохтан лавҳаи ёдгории ӯ тантанавор кушода шуд.

ЛАҲЗАҲОИ ДИЛОВАРӢ
Ба ҷанги рӯ ба рӯю тан ба тан мурдан ҳунар бошад,
Ба роҳи ҳақ зи тири ноҳақе мурдан зафар бошад.
Хироҷиддин зодрӯзаш - 4-уми декабрро дар ҳалқаи дӯстони ҳамсангар дур аз ватан - дар Афғонистон хоксорона ҷашн гирифт. Дар атрофи миз чанд нафар ҳамяроқон, ки аз Русия, Тоҷикистон, Украина, Белоруссия, Арманистон ҷамъ омада, як гӯшаи онро автомату тиру туфанг "зеб" медод, ӯро табрику таҳният гуфтанд. Ҳама якдилона, қатъӣ, самимона ваъда доданд, ки дар тӯйи арӯсиаш меҳмони самарқандиҳо мешаванд. Аммо ҳамагӣ чанд рӯз гузашту фоҷиаи мудҳиш нақшаи онҳоро барбод сохт...
Шаби 23-юми декабр хабар расид, ки ифротиён бо дастаи ҷанговарони байналмилали шӯравӣ рӯ ба рӯ шуда, чанд нафарро захмӣ кардаанд ва ҳатто дар байни онҳо шаҳидон ҳастанд. Рота ба ёрӣ баромад. Командири БМП (мошини ҳарбии аскарони пиёда) Хироҷиддин Ғиёсов буд. Вай роҳи ағбаи кӯҳсорро хуб медонист. Шаб шаби маҳтобӣ ва атроф аз барф либоси сафед "пӯшида" буд, ки аз нури хиратоби моҳтоб атроф равшан гардида буд. Дар пеш теғаҳои ноҳамвори шахҳои баландкӯҳи Ҳиндукуш бараъло ба чашм мерасид. Дидбон аз сӯрохӣ бо диққат ба атроф зеҳн монда нидо дод:
- Ана, дар паси сангу буттаҳо душманҳо! Онҳо пинҳон мешаванд.
Хироҷиддини зираку чолок суробҳои сиёҳи чанд нафар шахсони силоҳбадастро дид, ки дар ҳақиқат байни сангу буттаҳо давида, гоҳ-гоҳ сӯи онҳо тир холӣ мекарданд. БМП таваққуф кард ва сарбозони мо мавқеи муносибро камин гирифта, автоматҳо ба "сайр" даромаданд. Ифротиён ба ҳарос афтода саросема, бетартибона ақибнишинӣ карда талафоти калон диданд. Хироҷиддин фурсатро ғанимат дониста, чанд нафар ҳамяроқони захмдори худро кашолаву пушторакунон то нақлиёт овард. Воқеан, душманон диданд, ки талафот зиёд шуду корашон омад накард, худро қафо кашиданд. Лаҳзаи оромӣ ба вуҷуд омад. Хироҷиддин бебокона, бепарво дар ҷустуҷӯи ҳамсангарони худ буд, ки аз куҷое тири дайду ба тахтапушташ расид. Охир ӯ чӣ медонист, ки тирандоз (снайпер)-и душман аз масофаи дур бо туфанги махсус ӯро ба нишон гирифтааст. Минамёт душманро пора-пора кард, аммо сарбози самарқандӣ бо нидои ҷонкоҳи "воҳ" афтид. Ҳангоми ӯро аз замин бардоштан рӯи барф доғи хун пайдо шуда, чашмони нимпӯши ӯ дигар боз нагардид.
ХАБАРИ МУДҲИШ
Солҳои ҷанги бемантиқу бемақсади Афғонистон ибораи даҳшатангези "Груз - 200" - рамзи тобути руҳандуд, ки дар он ҷасади ҷанговарони байналмилалро ба Ватан меоварданд, маълум буду ҳам пайки мусибат буд.
Дареғо, чунин "Груз" шабона ба деҳаи Кӯи Сахои ноҳия омад, ки инчунин аз қисми ҳарбӣ таъзиянома ба номи падару модари шаҳиди диёри Афғонистон Хироҷиддин Ғиёсов низ дошт:
"23 декабри соли 1982 ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ писари шумо - сарбози байналмилал ба қасами ҳарбӣ содиқ, мардонагиву устуворӣ зоҳир намуда, қаҳрамонона ҳалок шуд. Баъди вафоташ бо ордени "Ситораи сурх" сарфароз шудааст.
Мо ба андӯҳи шумо нисбати марги бармаҳали фарзандатон ҳамдарду шарик ҳастем. Дар шахси ӯ мо рафиқи ҷангӣ, дӯсти наздикамонро талаф додем... "
Аммо ин хабари мудҳишро ба волидайни марҳум расониданро ҳеҷ касс ба гардан нагирифт. Бо супориши ҳукумати мутлақи он замон - райком - (кумитаи ҳизби ноҳия) чанд нафар коммунистон маҷбуран ба зимма гирифтанд ва бо кӯмаки амину фаъолони деҳа ба муаллими мактаби рақами 16 Исом Ғиёсов расонданд. Албатта барои тасвири ҳолати волидайни мусибатзада қалам оҷиз аст. Ҳамдиёрон ва хешу пайвандон бо сӯзу гудоз ҷасади ӯро ба хок супурданд.
АБАДЗИНДА
Бо талоши дилсӯзон ва дастгирии собиқ ҳокими ноҳия Раҳима Ҳакимова (илоҳо, ҷояш дар ҷаннат шавад!) кӯчаи марказӣ ба номи Хироҷиддин Ғиёсов гузошта шуд. Ҳангоми кушодашавии муҷассамаи қаҳрамони диёри афғон бисёр мардум ҷамъ омаданд ва доир ба қаҳрамонии ӯ ҳарф заданд.
Ва ниҳоят баъди сӣ сол боз лавҳаи ёдгорӣ, ки хеле хароб гашта буд, бо симои дилкаши ӯ аз нав барқарор гардид. Бо ҳамин муносибат гирдиҳамоӣ ба вуқӯъ пайваст. Сардабири рӯзномаи "Гулобод тонги", депутати ноҳия ва ҳамдеҳаи шаҳид Нормурод Каримзода ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба собиқадори таълими халқӣ, муаллими шодравон Хироҷиддин Ғиёсов - устод Абдурафиқ Маъруфӣ дод.
- Ҳар дафъа рӯзи видоъи шогирди диловари Ватанро ёд орам, диламро ғуссаи талх фишор медиҳад, - бо оҳи бадард лаб ба сухан кушод нотиқ, - зеро пеши назарам чеҳраи пуртабассум, зебо падид меояд, ки дар Афғонистон гулгункафан шуд. Вай мисли дӯстону ҳамсолонаш ва ҳамдабистону ҳамсинфонаш дар дил ҳазору як орзуҳои ширин дошт. Падараш Исомиддинака, модараш Лӯъбат Шарифова дар айёми пирӣ навҳагӯй шуда, бо доғи фарзанд олами ҳастиро падруд гуфта, дар қабристони Хоҷа Кафшер аз шафати писар манзили охират гирифтанд.
Дар гирдиҳамоӣ инчунин раиси ҷанговарони байналмилали вилоят Эркин Мавлонӣ, раиси иттиҳодияи "Сиёвуш"-и ноҳия Ҷаъфар Ҷабборӣ, ҷонишини раиси Хазинаи "Маҳалла"-и ноҳия Неъматҷон Солеҳзода, тарҷумон ва шоири шинохта Ҳаёт Неъмат, раиси маҳаллаи мазкур Аъзам Раҷабов ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи қаҳрамонӣ ва ватанпарварии ин шаҳиди некном суханони таъсирбахш гуфтанд.
Бояд гуфт, ки муаллифи лавҳаи ёдгорӣ усто Меъроҷ Саидов бо ифтихорномаи маҳалла тақдир карда шуд. Акнун ҳар шахсе, ки аз кӯчаи ба номи Хироҷиддин Ғиёсов мегузарад, ба симои ӯ назар афканда поси хотири ӯ мекунад.
Шоёни таъкид аст, ки аз ноҳияи Самарқанд 25 нафар ҷавонони шердил ҷоми шаҳодат нӯшиданд. Месазад, ки дар мактабҳои таҳсилгирифтаашон барои онҳо муҷассама гузошта шавад ва гӯшаи махсус ташкил гардад, ки барои дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас муфид аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, журналист
Дар акс: лавҳаи ёдгорӣ дар сари кӯчаи деҳаи Кӯи Сахо


Дата добавления: 14/06/2019 16:30;   Просмотров: 888
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку