Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИДОНА ФАРОВОН ШУД, ТО БОД ЧУНИН БОДО!

Бахшида ба Рӯзи байналхалқии бачагон ва 70-солагии зодрӯзи шоираи бачаҳо Маҳбуба Неъматзода таҳти шиори "Бачаҳо - кафолати ҳаёти ояндаи бузурги мо!" дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12-и ноҳияи Самарқанд тадбири фарҳангӣ баргузор гардид. Он бо ташаббуси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд, дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд", Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд ба вуқӯъ пайваст.

Иштирокдорони тадбир - хонандагони мактабҳо, литсею коллеҷ ва донишгоҳ, омӯзгорону вакилони маҳаллаҳо, ҳаводорони назму наво аввало бо намоиши дастони ҳунармандони наврас шинос шуданд. Гувоҳи бозиҳои шавқовари шоҳмоту шашка гардиданд.
Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ба собиқ раиси марказ Абдуваҳҳоб Воҳидов ҳамчун рамзи эҳтиром ба устод ҷомаву тоқӣ пӯшонд. Шоираи хушбаёни бачаҳо Маҳбуба Неъматзодаро бо мавлудаш табрик гуфта, тӯҳфаи хотирмон бахшид.
Доктори фанҳои филологӣ, профессор Садри Саъдиев, олимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Амон Воҳидов, Ҷумъа Ҳамроев, Дилшоди Фарҳодзод, муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонгӣ" Нормурод Каримзода, шоира Дилрабо Насимӣ, сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодури Раҳмон ва дигарон ба минбар баромада соҳибҷашнро шодбош гуфтанд.
Артисти халқии Ҷумҳуриятҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов, сарояндаҳои хушовоз Иноятулло Раҳмонов, Талъат Шобаротов бо сурудҳои дилнишин ҳозиронро хушнуд гардониданд.
Баромади навниҳолони боғи санъат. аъзоёни маҳфили бадеии мактабҳои рақамҳои 16, 18, 37, 39, 43 ва 62 ба ҳозирон писанд омад.
Соҳибҷашн Маҳбуба Неъматзода ба ташкилотчиёну ҳомиёни тадбир миннатдорӣ изҳор намуда, шеърҳои тозаэҷодашро пешкаши мухлисон гардонид. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Қӯрғони калон", таҳририяти рӯзномаи "Овози Самарқанд", федератсияи шахмати вилоят, маҷмӯъи маънавию маърифатии "Олами китоби Самарқанд", ташкилоти навбунёди байналмилалии "Душанбенаво" дар Самарқанд, Шӯъбаи таълими халқии ноҳияи Самарқанд як гурӯҳ фаъолони озмуну иштирокчиёни анҷуманро бо тӯҳфаҳои хотирвӣ сарфароз намуданд. Марди маърифатпарвару саховатпеша Толибҷон Маъруфӣ як миллион сӯм маблағро барои истироҳати бофароғати чаҳор нафар бачаҳои пешқадам бахшид.
Бояд гуфт, ки барои хотирмон гузаштани анҷуман хизмати сухандон Шаҳло Аҳророва, ҳунарпеша Талъат Шобаратов ва дигарон калон аст.
Аз чеҳраҳои шукуфону нигоҳҳои пурмеҳр аён, ки онҳо дер боз интизори чунин тадбири фарҳангӣ буданд ва ҳамдигарро табрик намуда мегуфтанд:
- Ид омаду ид омад,
Ёре, ки рамид, омад.
Идона фаровон шуд,
То бод чунин бодо!

Фарзона ҲАМИДОВА


Последнее редактирование: 13/06/2019 15:53;   Просмотров: 1064
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку