Чанде пеш аз ҷониби расонаҳои ахбори оммавӣ паёми хуш оиди китоби тозанашри пурмӯҳтаво таҳти унвони "Айнишиносӣ дар Самарқанд" (с.2019, Тошканд, 400 адад, ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ) пахш гардид. Дере нагузашта дар собиқ Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Самарқанд, ки солҳои тӯлонӣ номи адиби бузурги халқҳои ӯзбеку тоҷик Садриддин Айниро дошт, тақдимоти хотирмон ба вуқӯъ пайваст, ки камина низ иштирокдори он будам.
Китоби мазкур аз ҷониби ҷамоаи эҷодии рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" ба нашр тайёр карда шуда, бо ёрии Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд рӯи чопро дидааст.
Саркор ва сардори ин ташаббуси хайр сардабири рӯзномаи номбурда, олими умедбахш Баҳодур Раҳмонов, масъули нашр ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Тошқул Азимов мебошанд.
Ҳарчанд ҳоҷат ба муаррифии ҳаёт ва фаъолияти сермаҳсули устод Айнӣ намондааст, вале аз нигоҳи имрӯз ва эҳтиёҷи маънавии аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд таъкид намоем, ки як самти тадқиқу тарғиби осори фарҳангу адаби Осиёи Марказӣ, алалхусус адибони зуллисонайни минтақа маҳз бо айнишиносӣ сахт марбут асту бардавом хоҳад монд. Симо ва шахсиятҳои бузурги ҳар як халқу миллат ҳамеша ҳадафи омӯзишу тадқиқоти илмӣ қарор мегиранд. Асрҳо, сиёсатҳо мегузаранд, наслҳои нав ба майдони зиндагӣ меоянд, дӯстии халқҳо ба дӯстиву пайвандии адабиётҳо нерӯи тоза мебахшад. Мардум бо тафаккур ва назари нав падидаҳои тозаи иҷтимоиву фарҳангиро кашф хоҳад кард.
Хизматеву ҳиммате, ки дар таҳияи китоби пурарзиш амалӣ гаштааст, шоёни таҳсину пазироист.
Онҳое, ки доир ба зиндагиномаи устод Айнӣ донишу маърифати иловагӣ гирифтан мехоҳанд, гузоришот ва мақолаҳои зиёда аз 20 муаллифони шинохтаи Эрону Ӯзбекистонро зери таваҷҷӯҳи мутолиа бигиранд, гули мақсуд ба даст меоранд.
МЕҲРАНГЕЗ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.