Ҳанӯз дар давраи эҳё аслиҳаи асосии маърифатпарварон адабиёт ва матбуот буд. Онҳо ба воситаи рӯзнома бар зидди ҷаҳолат мубориза бурда, мардумро ба бедории фикрӣ даъват менамуданд.
Афсӯс, ки имрӯз аксар ҷавонон ба хондани китоб ва рӯзнома шавқу ҳавас надоранд. Онҳо мегӯянд, ки аз интернет китоб ҳам мехонанду аз навигариҳо хабардор мешаванд. Аммо истифодабарии бисёр аз воситаҳои техникӣ ба чашму асаби кас зарар дорад.
Ба фикри ман, рӯзнома ягона воситаи боэътимодест, ки мардумро аз навидҳо хабардор намуда, барои баланд бардоштани маънавияти онҳо хизмат мекунад. Бахусус, рӯзномаи ноҳиявиамонро, ки 30 сол инҷониб саҳифаи тоҷикӣ ҳам дорад, бояд эҳтиром намоем.
Имрӯзҳо мавсими обуна ба нашрияҳои даврӣ давом дорад. Ҳар як инсони соҳибмаърифат аввало бояд ба рӯзомаи ноҳиявӣ обуна шавад. "Гулобод тонги" рӯзномаест, ки аз ҳафтсола то ҳафтодсола метавонад мутолиа намояд. Бофарҳанг ва соҳибхирад будани инсон на аз истифодабарии интернет, балки аз бисёр хондани рӯзнома маълум мешавад. Ҷамоае, ки рӯзнома намехонад, мисли хонаи бечароғ аст.
Фараҳбону САЪДИЕВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 22
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.