Ҳоло ман дар идораи рӯзнома миёни суханварон сару кор дорам. Бо аҳли адабу омӯзгорон ва эҷодкорони асил қариб ҳар рӯз рӯ ба рӯ меоям ва сӯҳбат мекунам. Ҳамаашон аз устодони худ ёдрас мешаванд. Мегӯянд, ки дуогӯйи онҳо баробари падару модар, бобову бибӣ ҳамин устодонашон низ ҳастанд.
Дар чунин вазъият пеши назарам симои бобои покизарафторам, донандаи хуби шеъру тарона, мақолу афсона, зарбулмасалу шоҳбайтҳо, устоди устодон, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, собиқадори ифтихорӣ Амонбобо Давронов меоянд ва хумори сӯҳбати орифонаашон гирифта, сӯи манзили муборакашон роҳ мегирам.
Одатан мо фарзанду набераҳо ҳамин хел ҳастем. Ба сарамон, ки муаммои зиндагӣ пеш омад, суханҳои боборо ёд мекунем. Гӯё бобоям руҳшиноси бузург ҳастанду мо бемори он кас. Бо сари вазнин ба наздашон меравему сабуку шодон аз паи кору бори худ мешавем.
- Бачекам, илоҷи ҳама кор ҳаст. Уфф-туф гуфтанҳо ба бандаҳои мӯъмин намезебад. Ба сар санги осиё давр занад ҳам, шукри замон, бачаҳои солиму меҳрубонро кардан даркор-мегӯянд бобоям. – Агар тавонед ба атрофиён некӣ кунед, агар нағзӣ карда натавонед, бигзор бадиро ҳам раво набинед, - панд медиҳанд бобоям.
Зеро худи бобои хирадмандам Амон Давронов умре ба он панди бузургон амал намуда, зиндагӣ ба сар бурдаанд. Оғози солҳои 20-уми асри гузашта, ки ба даврони бачагии бобоям рост меояд, ҳама дар ғами бурдаи нон ва сиҳҳатмандии фарзандон буд. Бо ҳамин умед ба бобоям Амон ном гузоштаанд. Осиёи қисмат ба сари бобоям хеле гирдгардониҳо кард. Бо вуҷуди ҳамаи он аз саводомӯзӣ дур нашуданд. Нахуст аз масҷиди деҳа, сонӣ аз устодони мактаби усули нав хату савод омӯхтанд. Донишҷӯи фаъоли Дорулмуаллимини тоҷикии Самарқанд буданд, ки Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Бобоям низ чун муборизи озодии Ватан ба фронт тайёрӣ медиданд, ки амри тақдир фармони дигаргуна дод:
- Амонмуаллим Давронов бояд ба Бухорои Шарқӣ - Ҷумҳурияти Худмухтори Тоҷикистон, ки ҳоло акнун ба по мехест, барои саводомӯзии бачагони Душанбеву шаҳру ноҳияи атрофи он ҳиссагузорӣ намоянд.
Азоби солҳои ҷанг барои касе осон набуд. Вале заҳмати оқиби фронт низ машаққати зиёд дошт. Боз дар диёри кӯҳӣ, бечароғи барқиву нақлиёт муаллимӣ кардани бобоям аз қаҳрамонии ҷанг кам нест!
Бобоям дар мактабҳои Тоҷикистон солҳои зиёд муаллимӣ кардаанд. Шогирдону пайравони машҳури зиёде доранд.
Ба Самарқанди азизи худ баргашта, бо бибии меҳрубонам Пӯлодой Халилова (Худо раҳмат кунад!) ақди никоҳ бастанд ва соҳиби ҳашт фарзанд – Гулсара, Абдулло, Баҳрилло, Нурилло, Шариф, Рустам, Моҳрӯза ва Гулчеҳра гардидаанд.
Фаъолияти омӯзгориро низ дар мактабҳои ноҳия давом додаанд. Махсусан, дар мактаби рақами 60 (ҳоло рақами 14) – и гузари Даштаки маҳаллаи Қумзор солҳои бисёр муаллимӣ намуда, мудири қисми илмӣ буданд.
Сад афсӯс, ки модаркалонам Пӯлодой Халилова дар айёми нон аз дастони фарзандони бо азоб калонкардаи худ истеъмол намудан, ҳузуру ҳаловати онҳоро дидан, бармаҳал аз дунё рафтанд.
Ҳоло синни мубораки бобои донишмандам қариб ба 100 дакка мезанад. Шукр, ақли солим, хотираи мустаҳкам он касро тарк насохтааст.
Аз худованд умеди онро дорам, ки дастони пурэъҷоз, дидагони меҳрбор ва пойҳои рострафтори бобои дуогӯям дар ҳалқаи 25 нафар набера ва 36 нафар абера хастагие набинанд!
Шоҳида БЕРДИЕВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.