Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР СОЛИ МУРҒ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР?

Мурғ  ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад ва дорои хусусияти роҳбаладӣ аст. Хислатҳои хоксорию нобоварӣ барояш бегона аст ва ӯ ин гуна хислатҳоро ба худ қабул намекунад.

Имсол барои инсонҳои пурқувват ва ҷасур бобарор мешавад.

Мурғ – соҳибхонаи аҷоиб аст. Агар дар оила зани соҳиби ин мучал зиндагӣ кунад, дар давоми сол файзу фаровонӣ ҳукмрон мешавад.

Мувофиқи башорати мунаҷҷимон имсол нақша ва орзуҳои неки инсонҳои ҳақиқатпарвар ва боадолат ҷомаи амал мепӯшад.

МӮДИ СОЛИ 2017

Мурғи оташранг босаловат ва мағрур мебошад. Аз ин рӯ, имсол либосҳои рангаш сурх, зарди баланд ва ҷигарӣ мӯд мешавад. Либосҳои рангаш кушод ва оташрангро интихоб намудан мувофиқи мақсад аст. 

ИҚТИСОДИ ОИЛА

Имсол аксар одамон аз ҷиҳати молиявӣ азият мекашанд. Касоне, ки дар ҷустуҷӯю ҳаракатанд ва бисёр меҳнат мекунанд, соҳиби даромад мешаванд. Мурғ танбалиро намехоҳад. Аз ин рӯ, саҳархезӣ, машқи бадан, сайр ба олами беғубори табиат ва эътибор ба саломатӣ аз хусусиятҳои зодагони ин мучал аст.

МУҲАББАТ

Шармидан хоси мурғ нест. Аз ин рӯ, ҷавонон фурсатро аз даст надода, ба дӯстдоштаи худ рози дилашонро баён созанд. Навхонадорон дар муносибат эҳтиёткор бошанд. Агар якдигарро бахшида, ботаҳаммул шаванд, хаёти хушбахтона онҳоро интизор аст.

Таҳияи ДИЛРАБО


Дата добавления: 06/01/2017 12:03;   Просмотров: 1657
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку