Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БАҲОИ УМР

Маҳаллаи Қумзор яке аз мавзеъҳои қадимтаърихи ноҳия ба шумор меравад. Барои нашъунамо ва ободии ин деҳаи овозадори бостонӣ мардони баномусу фидокораш хидматҳои босазое намудаанд. Ин аст, ки рӯдбори Даштак обод асту масҷиди ҷомеъи торихияш барҷост.

Имрӯзҳо бори нангу ори маҳалларо чун пойдории номи бузургони гузашта Раҳимҷон Тӯрақулов, Ҳоҷӣ Шукруллохон Вализода, Аслам Наимов ва дигарон барои ояндагон васл месозанд. Чуноне, ки раиси маҳаллаи Қумзор Зафарҷон Ҳалимов иброз дошт, дар қатори ин бузургмардон номи марди хоксору хайрандеш Сироҷиддин Шарифов низ ба забон гирифта шавад. Зеро Сироҷиддинбобо худро аз маҳаллаву рӯзҳои неку бади қумзориён дур гирифта наметавонад.
Барҳақ, Сироҷиддин Шарифов, ки ҷашни 63-солагиаш дар маркази маҳалла, дар атрофи дастархони шукронаи набераи яксолааш Маҳмудҷони Абдурасул гузашт, кайҳо азизи мардум гаштааст. Ӯ деҳқониро аз падараш омӯхта, худ ба дараҷаи зироаткори машҳур расидааст. Умре бо саворааш дури мардумро наздик, бори вазнинашро сабук кардааст. Хатти ҳаракати ӯ ҳар субҳ аз мавзеи Қӯрғони калони Қумзор оғоз ёфта, ба шаҳристону боғистон маҷро мегирифт. Ӯ ҳоло низ чун фаҳмад, ки ба пои ягон ҳамсояе хоре халидааст, ба ӯ мушкилие пеш омадааст, қабл аз ҳама омада, ғамшарики шахси мусибатзада мешавад. Ин хислатҳои неки инсонии Сироҷиддинбоборо завҷаи мӯҳтарамааш Раъно Узоқова ва шаш нафар фарзанди арҷмандаш Меъроҷу Тӯйчибек, Дилафрӯзу Ҷамшед, Абдурасулу Ҷасур ва чордаҳ нафар набераи ширинаш қадр мекунанд. Хизматҳои ӯро дар тӯи 63-солагии умраш баробари ҳамдеҳагону хешовандон ва пайвандонаш саримомхатиби ноҳия ҳоҷӣ Баҳодур Шарифов, имомҳои номӣ Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Ибодуллоев ва Ҳоҷӣ Лутфулло Ибодуллоев , шоирон Нормурод Каримзода, Шукруллохон Вализода, адибу рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, сарвари корхонаи "Қурғони калон" Муҳаммадқул Шарифов, ҳуқуқшиноси номӣ Шавқиддин Наҷмиев ва дигарон якояк гуфта гузаштанд.
Аз тарафи наздикон ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Ин аст баҳои умри инсоне, ки худро дар ҳама ҳолат ва дар ҳама синну сол хидматгори халқ медонад. Ба Сироҷиддинбобо осоиши доимии рӯзгору сиҳатмандӣ хоҳонем.

Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 21/06/2019 14:19;   Просмотров: 991
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку