Устод, Омӯзгор, Муаллим... Ин суханҳо барои ҳар як инсони соҳибхирад фаҳмову гуворост. Дар оинаи тафаккури аҳли ҷомеа симои дурахшон, рӯзгори ибратпазир ва ҷаҳони маънавии устоди аввалин, омӯзгори хушсирату ҷонфидо нақши носутурданӣ дорад. Аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ эҳтиёҷ ба роҳнамои маънавӣ, муаллиму мураббӣ баланд буд ва ҳамин тавр хоҳад монд. Ба назарам фурсати он расидааст, ки силсилаи маҷмӯаҳои назму насрро таҳти унвони "Устоднома" ё "Дунёи омӯзгор" гирд оварему ба табъ расонем.
Таърих номи ҳазорон устодону таълимдиҳандагони соҳаҳои ҳунармандӣ, кишоварзӣ, санъат, варзиш, шеъру адаб, риёзиёт, тиб, илму динро дар солномаҳои айём сабт кардааст. Бузургони гузашта ҳар яке олами бетакрори ҳаёту зиндагӣ, осори ҷовидонии хешро мерос гузоштаанд.
Устод Рӯдакӣ хурду калонро ба фаро гирифтани таҷрибаи рӯзгор ҳидоят карда, мегӯяд:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Инҷо ибораи "Таҷрибаи рӯзгор" ҳамсангу ҳамвазни мафҳуми "устод", "омӯзгор" аст. Дар забони пиру барно "мактаби ҳаёт" тез-тез гӯшрас мешавад, ки дар радифи муассисаҳои таълимӣ қарор дорад. Илму амал ба ҳам узван алоқаманданд.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Дар адабиёти ҷаҳонӣ ва миллӣ-ватании мо асарҳои ҷолиби диққат, ки образи муаллимро муаррифӣ мекунанд, аҳамияти бадеӣ, тарбиявии муассир доранд. "Мактаби ман, устоди ман, худи ман"-и Ҷалол Икромӣ, "Университетҳои ман"-и Максим Горкий, "Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ, "Дар кулбаи косибон"-и Ҳасан Ирфон, "Ташвишҳои ҳаёт"-и Ӯткур Ҳошимов, "Муаллими аввалин"-и Чингиз Айтматов, "Муаллим"-и П.Турсун рӯйхати фишурдаи китобҳоянд, ки дар бораи хидмат ва мақоми бузурги устодони давру замонҳои гуногун андешаҳои ғаниро фаро гирифтаанд.
Инак, давре омад, ки қаҳрамонҳои нави майдони таълиму тарбия, яъне омӯзгорони ватанпарвару заҳматкашро кашф намоем, ба эътибори умум расонем. Дар бораи шахсиятҳои нодири ҷабҳаи ислоҳоти мактабу маориф очерку ҳикоя, достону қисса, мақолаву тадқиқотҳои арзанда, ки дархури замон бошад, хеле кам ба назар мерасад. Дар 40-50 соли охир ин мавзӯъ қариб, ки фаромӯш шуд. Агар баъзе ёднома, шеър ва асарҳои саҳнавиро ба инобат нагирем, сатҳи эҳтиром ва қадршиносии аҳли қалам нисбати фидоиёни таълими халқ нобахшиданист. Агар дар ин хусус эътирозе дар шумо пайдо шавад, ба ҷон мепазирем.
Ҷои таъкид аст, ки аз омӯзгори қаторӣ то омӯзгори фидоӣ тафовути зиёде вуҷуд дорад. На ҳама ходими соҳа орзу ва талабҳои имрӯзаи роҳбари давлатро гарму ҷӯшон амалӣ мегардонанд. Дар ҳар як мактаби имрӯза аз сӣ то сад ва аз он зиёд муаллим ба фарзандони халқ таълим медиҳад, аммо қисми хеле ками онҳо ба тоифаи олӣ ва якум мансубанду дар таълими фанни худ натиҷаҳои баландро соҳибанд, сазовори унвон, ордену медалҳои ватанӣ шудаанд. Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10-уми сентябр ба Мактаби Президентии шаҳри Тошканд ташриф оварда, ҳангоми суханронӣ таъкид мекунад:
Бузургии халқ, мамлакатро бо ҳар роҳ тараннум намудан мумкин. Аммо афзалтарини онҳо бо дониш намоиш додан мебошад. Тамоми асосҳоро дорем бигӯем, ки аз байни ҷавононамон Хоразмиҳо, Ибни Синоҳо, Улуғбекҳо мебароянд.
Бояд ҳар як омӯзгор дар таърихи ислоҳоти соҳа нақши хос, номи неку комёбиҳои назаррас гузоранд.
Ҳа, дар Ӯзбекистон давраи эҳё - бедоршавии сеюм оғоз меёбад. Бо қарори Президент Агентии рушди Мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирон ташкил гардид, ки роҳнамои илҳомбахш ва локомотиви тавонои мактабҳои таълими умумии миёна хоҳад шуд. Интеллект, муҳити маънавиву маърифатӣ, услуби дарсдиҳӣ ва шароитҳои замонавитарин атрибутҳои ҷудонопазири мактабҳои имрӯза бояд шаванд.
Н.КАРИМОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.