Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АДАБ -ТОҶИ САРИ МАРДОН

Маънои калимаи "адаб" дар луғатҳо аз ҳар ҷиҳат тафсир ёфтааст. Аммо он пеш аз ҳама ба маъниҳои тарбият, дониш, панду ахлоқ, маҷмӯи одобу русум, арзишҳои маънавии як ҷамъияти муайян маънидод шудааст. Он ҳусни хулқ ва сафои рӯҳ, покии нафс, зарофат дар гуфтор, русуми муоширатро дар назар дорад. "Одоб" ҷамъи адаб аст, ки расму ойин ва урфу одатҳои ахлоқии дар ҷамъият шакл ёфта, барқарор гардидаро мефаҳмонад. Ба ҳамин маънӣ, дар бобати адаб фикрҳои ҷолиби диққат гуфта шудааст.

Чунончӣ, ба гуфти Кошонӣ "Адаб иборат аст аз таҳсини ахлоқ ва таҳзиби ( покиза кардани) қавлу амал" ва ба қавли Қушайрӣ "Адаб таҳорати дил ва мурооти сир, вафо кардан ба аҳд, некӯкирдорӣ андар маҳалли талаб ва вақти ҳузур" мебошад. Ҳаким Фирдавсӣ дар бораи адаб мегӯяд:
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Мавзӯи адаб дар адабиёти форс-тоҷик ҳамеша аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимтарину волои маънавӣ ба шумор рафта, ба қавле зербинои тамоми осори ниёгони моро ташкил менамуд. "Бӯстон" ва "Гулистон"-и Шайх Саъдӣ, "Баҳористон"-и Абдураҳмони Ҷомӣ, "Ахлоқи Носирӣ"-и Насираддини Тӯсӣ, "Кимиёи саодат"-и Муҳаммади Ғаззолӣ, "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус, "Ахлоқи Мӯҳсинӣ" ва "Анвори Суҳайлӣ"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон аз шоҳкорҳои бузургони адабиётамон дар бахши адабу ҷавонмардӣ аст.
Шоирони хирадманди мо адабро ба сифатҳи неккирдорӣ, ахлоқи ҳамида, хушсуханӣ, фарҳанг ва дониш васф намудаанд ва панд додаанд, ки адаб бояд аз падар ба фарзанд, аз насл ба насл чун мерос бимонад.Дар "Ҳадис" ҳам чунин омадааст: "Беҳтарин меросе, ки падарон ба фарзандон гузоранд, адаб аст". Устод Рӯдакӣ ҳам гуфтааст:
Эй дареғо, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Ҳамин тавр, тӯли даврони беш аз ҳазорсолаи мо дар бораи адаб осори беназири моломол аз панду ҳикмат офарида шудаанд, ки дар онҳо некиву накӯкорӣ, меҳрубониву дардошноӣ, дӯстиву олиҳиматӣ, ростиву росткорӣ, ҳалимию хоксорӣ, лутфу эҳсон ва тавозӯъ, аҳду вафо ситоиш ёфта, дар баробари ин ҳар ӣо, ки гуфтор дар бораи беадабӣ сар зада бошад, мардумозориву дилозорӣ, мунофиқиву дурӯғгӯӣ, паймоншиканию носипосӣ, фитнаю кина, ҳасуду ҳасад, худписандиву худбинӣ, хасисиву мумсиқӣ, айбҷӯиву бахилӣ барин хислатҳои бади инсонӣ танқиду мазаммат гаштаанд.
Мардум мегӯяд: ҳар киро нест адаб, лоиқи сӯҳбат набувад. Ҳақ бар ҷониби Шайх Саъдӣ аст, ки мефармояд: "Луқмонро гуфтанд: "Адаб аз кӣ омӯхтӣ?" - Гуфт: "Аз беадабон: ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам".
Ба ин маънӣ, дар ҳикояте омадааст: Кӯдаке китоби ҳамсинфонашро дуздида, ба хона овард. Модар китоби дуздидаи ӯро дида, фарзандашро сарзаниш накарда "хуб кардаӣ, бачам, китобдуздӣ айб нест" - мегуфт дар куртааш нағунҷида. Рӯзи дигар фарзандаш шердил шуда, соатеро дуздида ба хона овард ва мавриди навозиши бештар қарор гирифт.
Кӯдак оҳиста-оҳиста ба болиғ мерасид, вале аз дуздӣ даст намекашид, чизҳои пурқиммати одамонро медуздид. Рӯзе ӯро дар болои дуздӣ доштанду дастонашро баста, ба таги дор оварданд. Модараш, ки аз пайи анбӯҳи мардум меомад, гиря мекард ва ба сару рӯи худ мезад. Писараш аз мардум иҷоза хост, то ки ба гӯши модараш ҳарфе занад. Вақте ки модараш ба ӯ наздик шуд, гӯши модари худро ба таҳи дандон гирифта, аз бехаш барканд. Модараш доду фарёд гуфт.
Писараш ҷавоб дод:
- Ту модари нохалаф ҳастӣ, агар сари вақт маро аз роҳ мегардондӣ, на дузд мешудам ва на ба чунин марги шармовар маҳкум мегардидам!
Устоди шеъру адаб Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Тарбияи одобу ахлоқи нек кори мураккаб ва меҳнатталаб буда кӯшиши доимиро талаб мекунад ва бо роҳҳои гуногун дар ҷамъият ҷорӣ мешавад. Ҳамеша ба тарбияи ҳусни одобу рафори инсонӣ аҳамият додан вазифаи бошарафи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Абдусалом САМАДЗОДА, академики Академияи
фанҳои Тӯрон


Дата добавления: 12/07/2019 10:53;   Просмотров: 1191
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку