Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАХМИ СИСОЛАИ ДИЛИ МО

Аз он рӯзе, ки қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк намуд, сӣ сол пур шуд. Дар ин лаҳзаҳо лавҳаҳои он рӯзҳои маъшум чун тасмаи кино аз пеши назар мегузарад. Чӣ қадар ҳамсангару ҷӯраҳои ҷониамон қурбони тиру туфанги душман шуданд. Чӣ қадарашон ҷароҳат бардошта, ногиро гардиданд.

Бешубҳа, ҳаракати хоинонаи баъзе гурӯҳҳои ба ном исломӣ, ки ҳоло чун ИШИДу экстремизми динӣ дунёро ба ларза меорад, ҳамон вақтҳо доман мегустурд, ки мо муборизи нест намудани он будем. Гиёҳвандӣ, ки вабои аср аст, дар Афғонистон ватан сохта буд, мо манзили он афюнро месӯзондем, ки насли инсонӣ аз ҳалокат наҷот ёбад.
Ин хидматҳои мо дар оғози солҳои 90-и асри гузашта арзиш дошт. Ҳама ҷо эҳтиром мекарданд. Хидмати автобус ройгон буд. Навбат намепоидем. Кӯчаву хиёбонҳо ба номи шаҳидони ҷанги афғон гузошта шуд...
Аз чӣ бошад, ки солҳои охир имтиёзҳои моро тамоман бурида буданд. Дар баъзе маҳалҳо роҳбарон ҳатто дӯғу дашном ҳам медоданд: "Агар ҷанг карда бошӣ, барои ватани бегона ҷангидӣ, рав ба ҳамон Афғонистонат!" Лекин мо бо амри дил нарафтем. Моро фиристоданд.
Шукр, ҳоло бо ташаббус ва эътибори махсуси Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев мо қадру қимат пайдо кардем. Бо ордени махсуси "Ветеран" шарафёб гардидем. Моро роҳбарони маҳаллӣ гӯш мекардагӣ шуданд. Бо камоли коршиносии Ҷамъияти "Ветеран", ки роҳбари марказии он Талъат Муродов аст, нақшаҳои беҳтарин кашида шудааст. Ин эътибор захми сисолаи тану рӯҳи моро аз дили дардошноямон қадаре дур месозад.

Шокир АБДУХОЛИҚОВ,
маҳаллаи Гулбоғ
Исмат МӮЪМИНОВ,
маҳаллаи Кӯи сахо
Маҳмуд, Мӯъмин БаҲроновҳо, маҳаллаи Ӯрташиқ


Дата добавления: 15/02/2019 13:42;   Просмотров: 973
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку