Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЁДИ РАУФ МАЪРУФӢ

Дар тарабгоҳи "Ал - Қаср", воқеъ дар маҳаллаи Пули Муғоби ноҳия ба ифтихори 80-солагии олими намоёни соҳаи суханшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, бузургмарди худогоҳу хештаншинос, ободгари диёр, собиқадори маориф ва матбуоти халқ шодравон Рауф Маъруфӣ шоми ёдбуд баргузор гардид. Дар он аҳли илму адаб, зиёиён, роҳбарони ташкилотҳои маърифатӣ ширкат варзида, аз корнома ва хислатҳои ҷовидонаи устод Рауф Маъруфӣ ёдрас шуданд.

Бахусус, ӯ барои кушодани синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, эҳёи номҳои адибони маърифатпарвар дар кӯчаҳои Самарқанд, бунёд намудани ҳайкали Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, покиза нигоҳ доштани наҳри Оби Раҳмат, тарбияти насли наврас ба рӯҳи худшиносии миллӣ ва ғайра хидматҳои босазое кардааст. Ӯ дар ҳамаи ҷунбишҳои маънавии самарқандиён иштироки фаъолона дошт ва бо роҳи башардӯстонаву муросо муаммоҳоро ҳал менамуд. Барои кушодани рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд", саҳифаҳои тоҷикӣ дар рӯзномаҳои "Самарқанд" ва "Шарқ тонги" (ҳоло "Гулобод тонги") ҳиссагузор шудааст. Бо камоли коршиносии ӯ дар якчанд факултаҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд таълим ба забони тоҷикӣ сурат гирифт. Ҳатто дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд бо хизмати ӯ ва файласуфи шинохта, профессори шодравон Акбар Аҳтамов гурӯҳи тоҷикӣ фаъолият оғоз кард. Барои тамошобоб гардидани барномаҳои тоҷикии Садо ва симои давлативу тиҷоратии "Самарқанд" устод вақту маслиҳати худро дареғ намедошт. Ҳар як ҳаракати устод аз рӯйи қонунҳои асосии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон буд. Ӯ аз соҳиби истиқлол гардидани мамлакатамон меболид ва мегуфт, ки акнун дари имкониятҳо кушода шуд. Аммо аҷали номуросо ин бузургмарди маърифатро 18-уми феврали соли 1994 аз байни мо бурд.
Аз чунин меҳрубониҳои ӯ дар шоми ёдбуд доктори фанҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев, академики Академияи Тӯрон, профессор Аслиддин Қамарзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" Баҳодур Убайдӣ, суханвари телевизион Шаҳло Аҳророва ва дигарон ҳикоятҳо намуданд.
Шогирдони факултаи филологияи тоҷики ДДС аз эҷоди Рауф Маъруфӣ шеърҳо хонданд.
Иштироку ғазалхонӣ ва ёдномаи Ҳунарманди мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳрванди ифтихории Самарқанд Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муродов файзи шоми ёдбудро афзун гардонид.
Дар охир фарзандони олим Беҳрӯз ва Баҳора Маъруфиён ба иштирокдорон ва ташаббускорони ҷамъомад сипосгузорӣ баён намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 23/11/2018 14:12;   Просмотров: 1050
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку