Рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ аз соати 8.00 то 20.00 мардуми Ӯзбекистон дар интихоботи президенти ҷумҳурияти Ӯзбекистон иштирок кард. Шаҳрвандон дар мамлакатҳои хориҷӣ низ ба ин марҳилаи муҳим иштирок намуданд. Онҳое, ки имкони дар участкаи интихоботӣ рафтанро надоранд, дар хонаҳояшон овоз доданд. Шавкат Миромонович Мирзиёев бо 80,1 овоз дуюмбора Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон интихоб гардид.
Нозирони хориҷӣ низ ҷараёни интихоботро назорат карданд. Онҳо дар участкаҳои интихоботии ноҳия шуда, фикри худро изҳор доштанд:
Бусер ЁҲАН (Шветсия):
- Интихоботи имсола аз пешина тафовути зиёд дорад. Мардум бо масъулияти зиёд ба интихобот иштирок мекунад. Ҳама аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода мебарад.
Конта Жоонас (Финландия):
- Ҷараёни интихобот ба тарзи шаффоф ва ошкорбаёнӣ гузашт. Бахусус, истифодаи технологияҳои замонавӣ дар ин самт ба ман писанд афтод. Имконияти назорати онлайни участкаи интихоботӣ пайдо шуд.
Н.ДИЛРАБО.
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.