Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Самарқанд, роҳбари сектори якум. ҳокими ноҳия Н.Мавлонов дар маҳаллаи Гулбоғ ярмаркаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ баргузор гардид. Дар он ҳаждаҳ навъи озуқа бо нархи мусоид ба фурӯш гузошта шуд.
- Ба ташкилкунандагон ва ташаббускорони ин ярмарка миннатдории худро изҳор мекунам, - гуфт Маҳкамбибӣ Қаҳҳороваи 84-сола. – Зеро пеш аз саршавии Моҳи шарифи Рамазон хоҳ-нохоҳ маҳсулоти хӯрокворӣ лозим буд. Онро бо нархи арзон дарёфтан бошад кори савоб шуд. Гӯшти 45 ҳазорсӯмӣ, тухми 25 ҳазорӣ ва ғайра моро хурсанд кард.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.