Агар одам ба ҳисоби миёна 70 сол умр бинад, аз он 23 солашро ба хоб, 13 солашро ба гапзаданӣ ва 6 солашро ба хӯрокхӯрӣ сарф мекунад.
* * *
Дар бадани одам ба миқдоре моддаи фосфорӣ ҳаст, ки аз он 750 ҳазор донаи гӯгирд тайёр кардан мумкин аст.
* * *
Шоирони машҳури ҷаҳон Гомер ва Суқрот ягон сатр ҳам хат нанавиштаанд. Чунки онҳо на хонда метавонистаанду на навишта. Онҳо асарҳои эҷодкардаашонро дар хотир нигоҳ медоштаанд.
* * *
Ҷузеппа де-Майни италиягӣ ду дили аз ҳам ҷудо дошт. Дук –дук задани онҳоро баралло шунидан мумкин буд. Академияи тиббии шаҳри Лондон ба Ҷузеппа-де-Майн 15 ҳазор фунт-стерлинг дода, розӣ кунонид, ки баъди вафоташ сандуқи синаашро кушода, дили ҷуфти ӯро тадқиқ намоянд.
* * *
Дар тамоми ҷаҳон 75 ҳазор хели кокулбофӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 150 хелаш дар Тоҷикистон мебошад.
* * *
Дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон 250 хели нонпазӣ ҳаст, ки аз он 150 хелаш дар Самарқанду Ӯротеппа пухта мешавад.
* * *
Дар ҷаҳон 5000 хел лола мавҷуд аст. Дар Дания лолаи сиёҳ мерӯяд, ки барои дафни одамони бузург як донаашро бо тилло мехаранд.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.