Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХАТОЕ, КИ СОДИР НАШУД...

- Ҳаёт аз пастиву баландӣ, талхиву ширинӣ иборат аст. – cуханашро оғоз намуд зани ба идораи рӯзномаомада. - Инсон хато мекунад ва дар давоми ҳаёташ ба ислоҳи он мекӯшад. Ман низ дар зиндагӣ қариб ба хатогӣ роҳ дода будам. Ҳар боре, ки ин воқеа ба хотирам ояд, дилам фишурда мешавад. Як хатои ман боиси бадбахтии чанд нафар мегардид...

Бо шавҳарам дил дода оила сохтаем. Пайи ҳам соҳиби се нафар писар шудем. Дар хурдсолӣ писараконам шӯх буданд. Аз ҷомашӯйиву ҷойрӯбӣ хаста мешудаму худ ба худ мегуфтам, ки агар якеи онҳо духтар мебуд, ба ман дастёр мешуд. Ба корҳои рӯзгор ёрӣ мерасонд. Оилаи додаршӯямро дида, боз шукр менамудам. Дар оиладоршавиашон ҳафт сол шуда бошад ҳам ҳанӯз фарзанддор нашудаанд. Додаршӯям, ки писари хурдӣ аст, дар ҳавлии падарӣ мешинад. Мо аз онҳо алоҳида зиндагӣ мекунем. Вақте ки писари хурдиам панҷсола шуд, ҳомиладор гаштам. Барои фаҳмидани ҷинси кӯдак ултрасадо намудам. Духтур гуфт, ки кӯдак писар аст. Пас аз чанд рӯз аз назорати духтури дигар гузаштам. Вай низ иброз дошт, ки тифли дар батнамбуда писар аст. Ҳатто назди фолбин рафта, бори дигар ба писар будани кӯдак боварӣ ҳосил намудам. Қарор додам ки исқоти ҳамл намоям. Ҳамон рӯз модаршӯям ба хона меҳмон шуданд. Ба он кас воқеаро нақл намудам.
- Ба гуноҳ намонед, духтарам, - гуфтанд модаршӯям. – Фарзанд неъмати Худо. Авсуну додаршӯятонро бинед, ба нохуни фарзанд зор. Имрӯз боз бо ким-кадом духтури зӯр вохӯрда омаданд. Гуфтааст, ки бояд ҳар кадоме бо роҳи худ равад. Онҳо дар якҷоягӣ соҳиби фарзанд намешаванд.
- Агар фарзанд духтар мебуд, исқот намекардам. – гуфтам ман бо умеде ки модаршӯям ба корам розигӣ диҳад.
- Келинҷон, агар наранҷед, як гап мегӯям. – модаршӯям бо ҳаяҷон дастонамро ба дасташон гирифтанд.
- Чаро меранҷидаам, гап занед?
- Агар ба шумо ҳамин фарзанд даркор набошад, ба авсунатон диҳед. Ҳам шумо ба гуноҳ даст намезанед ҳам оилаи онҳоро нигоҳ медоред.
Ман розӣ шудам. Аз ин хабар гӯё сари додаршӯю авсунам ба осмон расид. Додаршӯям бароям ҳар гуна шириниву меваҳои гуногун, хӯрокҳои болаззат меоварду авсунам корҳои рӯзгорамро ба сомон мерасонд. Ман мисли маликаҳо дастамро ба оби хунук намезадам...
Тифл солим ба дунё омад. Ҳама хурсандӣ мекарданд. Вале ман намедонистам, ки хурсанд шавам ё не. Зеро тифли тавлидкардаам духтар буд. Ноилоҷ ҷигарбандамро ба додаршӯю авсунам додам. Ҳуҷҷатҳоро расмӣ гардонидем. Хушбахтии онҳоро дида, модаршӯям хурсанд шуданд ва ба ман миннатдорӣ намуданд.
- Келинҷон, қариб ҳамин духтараки зеборо нобуд карданӣ будед. Бинед, ӯ бахти зану шавҳарро баргардонд. Оиларо аз вайроншавӣ нигоҳ дошт. Меҳрубонии зану шавҳарро нисбати фарзандам дида, хотирҷамъ шудам. Онҳо фарзандашонро чун гавҳараки чашм азиз дошта, эҳтиёт мекарданд. Ба духтарак Интизор ном доданд. Вақте ки Интизор яксола шуд, авсунам ҳомиладор гашт. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки назди қонунҳои нонавиштаи табиат баъзан тиббиёт низ оҷиз мемондааст. Аммо ман дигар фарзанддор нашудам. Ҳарчанд муолиҷа гирифтам, фоида набахшид. Шамол кашидаам. Авсунам бошад, писар таваллуд кард. Ҳоло онҳо хушбахтона умр ба сар мебаранд.
Ман шукр мегӯям, ки ҳамон вақт ба суханони модаршӯям гӯш додам. Оилаи онҳоро аз ҷудошавӣ нигоҳ доштам. Бо пойи қадами Интизор худованд ба онҳо фарзанд дод. Акнун Интизор духтари ду оила аст. Маро низ “янгабийӣ” гӯён меҳрубонӣ мекунад.

Рози дили
Шарофатойтиро Д.РОҲАТ навишта гирифт.


Последнее редактирование: 20/10/2017 13:40;   Просмотров: 1462
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку