Агар занҳо вазифаашонро фақат аз хӯрокпазӣ, хонарӯбӣ, фарзандонашонро ба гаҳвора баста, маккондан иборат донанд, хато мекунанд.
Оила монанди мамлакати хурд аст. Вазифаи зан монанди идораи ин мамлакат бузург аст. Ба аҳли оила тарбияи хуб додан, даромаду баромади оиларо ба ҳисоб гирифтан, онҳоро кор фармудан, дӯстию ҳурмати аҳли оиларо нисбати якдигар таъмин намудан, бо ҳамсояҳо муносибати хубро нигоҳ доштан вазифаи асосии зан ба шумор меравад.
Зани оқила меъёри ҳар корро медонад. Ба ҳурмати шавҳараш ва аз рӯи одамгарӣ падару модар, хешу табор ва дӯстони шавҳарашро ҳурмат мекунад. Молу давлати шавҳарашро эҳтиёт мекунад. Ҳангоми аз кор ё аз сафар баргаштани шавҳараш ӯро хурсандона пешвоз мегирад, аз дидани ҳамсараш хушнуд буданашро изҳор мекунад. Ба шавҳараш гап намегардонад. фикру асаби ӯро вайрон намекунад. Агар аз тарафи шавҳар камбудӣ ё ноқисие содир шавад, онро бо одоб ва мулоимӣ мефаҳмонад, якравию гапгузаронӣ намекунад. Агар мабодо шавҳараш фикри ӯро рад намояд ё қабул нанамояд ҳам хафа намешавад, сухани ӯро гардонида, дили ӯро сиёҳ намекунад.
Шавҳари хуб фикри ӯро бо оҳистагӣ мефаҳмад ва қабул мекунад ва бо ин меҳру муҳаббаташ нисбат ба ҳамсараш меафзояд.
Шавҳар шабу рӯз фаровонии оиларо фикр мекунад, барои таъминоти он меҳнат мекунад. Баъзан фикри занашро нафаҳмидани шавҳар маънои онро надорад, ки занашро бад мебинад.
Бо шавҳар ҳамнафас будан, ба ӯ итоат кардан, мувофиқи хоҳиши ӯ зиндагӣ ба сар бурдан ҳурмати занро кам намекунад, балки оиларо мустаҳкам менамояд. Вафодории зану шавҳарро ба ҳамдигар зиёд мегардонад. Итоаткории зан ба шавҳари хуб меҳру муҳаббати шавҳарро нисбат ба зан зиёд мекунад.
Зан бояд ба чизҳои шавҳар овардагӣ шукр намояд, хурсандӣ кунад. Нохушӣ изҳор кардан ё нодуруст рафтор кардан хайру баракаи оиларо мепарронад. Бинобар ин, нақши тарбиявии зан яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Шавҳар шабу рӯз аз баҳри роҳату фароғат гузашта барои таъмини оила меҳнат кунаду ҳамсараш ба он сарфаҳм нарафта, дар тарбияи фарзандон ва доною илмнок шудани онҳо бепарво бошад, вой бар ҳоли ин хел зан.
Занҳои нағз гули хонадон, бахти фарзандонанд. Ба ин ноил гаштан ақлу фаросати бузурги занро талаб мекунад. Дар оила ҳар хел воқеаҳо рӯй медиҳанд. Баъзан асаби шавҳар таранг мешаванду аз кадом чизе норозӣ шуда, ҷаҳлаш меояд. Дар ин гуна мавридҳо бояд зан оташи ғазаби шавҳарашро бо навозиши ба худ хос паст намояд, агар натавонад, босабру тоқат шавад. Занон ба як ҳақиқат бояд эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Шавҳарон баъзан ба муомилаи талхи дунё тоқат кунанд ҳам, ба суханони талху тунди занҳо тоқат карда наметавонанд. Инро ҳамеша дар назар доштан лозим аст.
Фақир будани шавҳарон нуқсон нест. Барои мардон нуқсони калон майзадагию зинокорию танбалӣ аст.
Ҳаёти шавҳар хуб бошад, ҳаёти тамоми оила хуб мешавад, агар ҳаёти ӯ дар хатар бошад, ҳаёти оила ҳам хатарнок мешавад. Зан бояд муҳаббати шавҳарашро ба даст орад. Муҳаббат муҳаббатро меорад. Муҳаббати боҳаёро шавҳарон дӯст медоранд. Шавҳар ва зан асрори оиларо бояд ба ҳеҷ кас ошкор насозанд, ҳатто ба падару модар, хешу табор ҳам.
Дар назди шавҳар либосҳои оддӣ пӯшида, дар кӯча орою торо дода баромадан ҳам аз рӯи одоби зан нест. Зан бояд дар назари шавҳар зебо шуда гардад.
Зан бояд ба ҳусни табии худ эътибор диҳад, рӯю мӯяшро ранг накунад. Зинати занон ҳалолию покӣ аст ва ин торафт оиларо мустаҳкам мекунад. Бо гузашти синну сол ҳусну таровати падару модар ба фарзандон мегузарад.
Бояд модарон ба парвариши гулҳои наврустаи оилаашон - фарзандонашон кӯшиш намоянд.
Боз ҳаминро таъкид кардан ҷоиз аст, ки зан бояд дурӯғ нагӯяд. Зани дурӯғгӯй на танҳо дар назди шавҳараш, балки дар назди дигарон ҳам соҳиби ҳурмат намешавад.
Азиза РАҲМАТОВА,
сарвари бибиотунҳои ноҳия
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.