Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚУВВАТИ ДИЛ ВА ...

Зардолу - яке аз меваҷоти қадимтарин ва пурарзиш мебошад. Таърихи пайдоиши зардолу хеле куҳан буда, он сирри зиёди ин меваро аз мо ниҳон медорад. Ватани зардолу Хитой ба ҳисоб меравад. Зардолу яке аз меваҳои беҳтарини субтропикӣ мебошад. Меваҳои зардолуро ҳам тару тоза ва ҳам хушк карда истеъмол мекунанд.

Аз рӯи нишондоди арзиши ғизогии лахми зардолу дар байни меваҳои донакдор ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Дар меваҳои зардолу то 260 мг/100 г. Пайвастагиҳои гурӯҳи флавоноидҳо мавҷуданд, ки дорои хусусиятҳои зиддимикробӣ ва аз нур муҳофизаткунӣ мебошад, ҳамчунин он аз пектинҳо, витаминҳои Р, А, В1, В2, В6, намакҳои минералии калий, калтсий, оҳан, маводҳои зиддибактериявӣ, ишқорҳо - себӣ, лимӯӣ, салитсиловӣ бой мебошад. Зардолу дар худ энергияи қанд, витаминҳо, минералҳо, пектинҳоро захира мекунад, бо ибораи дигар ҳамаи унсурҳои барои ҳаёти организм заруриро дар таркибаш дорад. Ранги зарди меваҳо аз бета-каротин вобаста аст, ки дар таркиби зардолу хеле зиёд ба назар мерасад.
Аз зардолу мураббоҳо, афшураҳо, шарбатҳо тайёр мекунанд. Зардолуи хушки аз донак тозакардашуда махсусан машҳур мебошад. Зардолуи хушк калории баланд дошта, дорои углеводҳои тезҳалшаванда мебошад. Таркибаш аз калий бой буда, ҳамчунин калтсий, магний, фосфор, оҳан, витаминҳо, ишкорҳои органикӣ ва дигар моддаҳои фоидаовар дорад. Зардолуи хушкро ҳамчун манбаи серғизо ва шифобахш дар андозаи 100-150 грамм дар як шабонарӯз ба одамони лоғару заиф ва беморон тавсия мекунанд. Истеъмоли зардолуи хушк ба одамони гирифтори касалиҳои дил, камхунӣ, гипо ва авитаминоз фоидаовар аст. Дар тибби миллии Хитой тухмиҳои зардолу ҳамчун воситаи муолиҷаи сулфа истифода бурда мешавад. Ҳамчунин истеъмоли мағзи зардолу бо якҷоягии дигар растаниҳои шифобахш барои муолиҷаи бронхит, трахит, лорингит, сулфаи кабутак ва нефрит мувофиқи мақсад аст.
Зиёда аз 20 навъи зардолу маълум ҳаст, ки бо роҳи тухмӣ ва пайванд афзоиш меёбанд. Навъҳои зардолуи Осиёи Марказӣ, ки таркибашон бо ширинии баланд фарқ мекунад, ғӯлинг меноманд (мардуми туркзабон тамоми навъҳои зардолуро чунин меноманд). Навъҳои мазкур гармиро дӯст медоранд ва дар шароити табии Руссия одатан афзоиш намеёбанд.
Дар таркиби лахми зардолуи тару тоза аз 4,7 то 27 % қанд (дар меваҳои пухта расидаи сахароза афзалият дорад), миқдори на он қадар зиёди декстрин, инсулин ва крахмал дида мешавад. Клетчатка - 0,8 %, ишқорҳои органикӣ - 1,3 %. Дар таркиби меваҳо ишкорҳои себӣ, лимӯи ва камтар салитсили мавҷуд аст. Витамини С дар зардолуи тару тоза бисёр нест (ҳамагӣ10 мг%), витаминҳои Р, В1 и РР, лекин аз ҳама зиёдтар каротин ва провитамини А) - то 16 мг%. Чунин миқдори каротин дар ягон меваи дигари дар мамлакатамон рӯянда, дида намешавад. Махсусан каротин ба организми ҷавони инкишофёбанда зарур аст.
Дар меваҳои тару тоза қариб 305 мг% намаки калий (дар меваи хушк - 5-6 маротиба зиёдтар) таркиб ёфааст. Барои ҳамин истеъмоли зардолуро ба беморони дил ва гурда маслиҳат медиҳанд. Ҳамчунин моддаҳои минералӣ - калий, магний, фосфор дар таркиби зардолу мавҷуд аст. Аз микроэлементҳо бошад, намаки оҳан (2,1 мг%) ва пайвастаҳои йод таркиб ёфтааанд, ки дар навъҳои армании зардолу махсусан бисёр мебошад.

Аз китоби
"Шифохонаи табиат"


Дата добавления: 22/02/2019 12:33;   Просмотров: 948
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку