Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАҚВИМИ ЮЛИАНӢ

Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори сарбастаи кашидашуда ҳаракат мекунад, ки он на аввал дорад ва на охир. Бинобар ҳамин, муайян кардани оғози сол нисбист. Масалан, мисриёни қадим аввали солро лаҳзаи туғёни тобистонаи дарёи Нил ҳисоб мекарданд.

Эрониёни қадим дар натиҷаи таҷриба ва мушоҳидаҳои бисёрсола пай бурданд, ки Наврӯз баробаршавии шабу рӯз, оғози баҳор ва сари сол аст. Дар Руси қадим ибтидои сол 1-уми март ҳисоб мешуд.
Ҳокими Рим Юлий Сезар оғози солро ба 1-уми январ мустақар кард. Ин ба он сабаб буд, ки дар Рим дар санаи 1-уми январ консулҳо - намояндагони интихобии ҳокимияти марказӣ ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз менамуданд.
Шумораи рӯзу сол ҳам якбора муайян ва муқаррар нагардид. Одамон дар замонҳои қадим шумораи рӯзҳои пурраро ҳисоб карда буданд, ки ба 365 рӯзу 5 соату 46 сония мувофиқ намеомад. Масалан, коҳинони Шумер (давлати бостонӣ дар Байнаннаҳрайн (Месопотамия) солро 354 рӯз, мунаҷҷимони холдейӣ онро 360 рӯз ва римиён дар ибтидо ҳисоби вақтро 355 рӯз муайян карда буданд. Ҳамаи ин тақвимҳо дақиқ набуданд.
1 январи соли 45 пеш аз мелод Юлий Сезар бо маслиҳати мунаҷҷими мисрӣ Созиген тақвими хеле мушобеҳ ба тақвими имрӯза ва хеле дақиқтар аз тақвимҳои пешинаро вориди амал намуд. Дар тақвим 365 рӯз буд. Баъдтар тақвими юлианӣ пайдо шуд, аммо он ҳам комилан дақиқ набуд. Моҳ бори аввал дар робита бо мушоҳидаи ҳаракати Моҳ (қамар) ба миён омад. Он 29,5 рӯзро дар бар мегирад ва ҳамин фосилаи замон дар асоси тақсими сол моҳ ҳисобида шуд. Дар бунёди тақвим ва номҳои моҳҳо ва рӯзҳои ҳафта бисёр нуктаҳо бо тасаввуроти динӣ вобастагӣ доранд. Масалан, моҳи аввали сол - январ бо Янус вобастагӣ дорад. Моҳи май бошад, ба ифтихори олиҳа Май ва июн ба номи олиҳа Юнона бахшида шудаанд. Солшумории муосир аз мавлуди Исои Масеҳ оғоз мегардад.

Ёқуб ОДИНАЕВ


Дата добавления: 06/01/2020 13:56;   Просмотров: 774
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку