магар асои дастони ларзонаш аст?
Дар яке аз рӯзҳои зимистон, ки офтоб бо нурҳои на он қадар гарми худ барфҳоро оҳиста - оҳиста об мекард, сӯйи кор мешитофтам. Аз кӯчаи калон гузаштам ва бо пайраҳае роҳ рафтам. Ногаҳон нигоҳам ба як кампире афтод, ки рӯ ба рӯйи ман меомад.
Вақте, ки наздик шудем, ӯ ба ман чизе гуфт, ки сарфаҳм нарафта, аз роҳ бозистодам. Маълум шуд, ки ба ӯ аптека лозим аст. Нишон додам.
Ду-се қадам ба пеш гузоштам, вале кадом ҳиссиёт ба роҳ рафтанам рухсат намедод. Боз ба қафо нигариста, ба кампир назар кардам. Қомати момо аз ҳад зиёд хам гашта буд. Бо дасти чапи ларзонаш бо азобе ба асо такя карда, қадам мегузошт. Чеҳраи пурожангаш аз таш- вишҳои зиндагӣ дарак медоданд.
- Бибиҷон, биёед ҳамроҳ ба дорухона меравем, - аз дасти рости момо доштам.
- Илоҳо барака ёбед, духтарам, ҳеҷ гоҳ рӯзи баду ғамро набинед, - кампир дуо карду боз суханашро давом дод. – Духтарам, ҳоло дорухона дур аст? Ман хеле монда шудам, илоҷаш бошад, ба наздиктараш дароем.
- Агар ба шумо аз кӯча гузаштан душвор набошад, ана ба он сӯйи кӯча дорухона аст.
- Майлаш, наздиктараш беҳтар. Бо шумо аз кӯча гузаштанам душвор намешавад.
Вақте, ки аз кӯча ҳамроҳ мегузаштем, мошинҳо истода, роҳ медоданд.
- Шофёрҳои ботамиз будаанд, - бо овози паст гуфт кампир ва ба ҳаққи ронандаҳо дуоҳои нек кард. - Илоҳо роҳашон бехатар ва нигаҳбонашон Худо бод.
Аз кӯча гузаштему кампир тез- тез нафас мегирифт ва ин аз монда шудани ӯ дарак медод.
- Бибиҷон, ба шумо чӣ хел дору лозим?
- Доруи чашм. Дирӯз аз паси набераам мерафтам, ки нохост ба чашмам сим халид. Он сими падарлаънат аз куҷо ба он ҷо пайдо шудааст, ки ман надида мондам. Акнун чашмам азоб медиҳад. Шаби дароз аз дард хобам набурд.
Хам шуда, ба чашмони кампир нигаристам. Чашми чапи ӯ суп – сурх гашта буд.
Кампир дар ҷояш истода, нафасашро каме рост кард ва боз роҳашро давом дод.
- Монда шудед, онаҷон? Чаро барои гирифтани дору ягон каси дигарро нафурсондед? Фарзандон ё набераҳоятон нестанд магар?
- Ҳастанд, - оҳи сард кашид кампир, - ба онҳо ягон кор фармоям, ба якдигар ситеза мекунанд. Ба писарам бошад, ба ғайр аз арақ дигар чизе лозим нест. Аз пагоҳирӯзӣ нӯшиданро сар мекунад. Баъзан дар кӯчаҳо хобаш мебарад. Ҳайронам, ки вайро чӣ хел аз ин роҳ баргардонам. Гапи ҳеҷ касро писанд намекунад.
Ба дорухона даромада, барои чашм малҳам ва дору гирифтем. Аз кампир манзилашро пурсида, ба автобус савор кардам ва аз пайи корам рафтам. Вале чеҳраи ғамгин ва қомати хамгаштаи кампир аз пеши назарам дур намешуд. Рӯйи диламро сояҳои сиёҳи ҳузн фаро гирифт.
Дар дунё шахсоне ҳастанд, ки ба меҳри модар ва падар зоранд. Писари ин модари мушфиқ бошад, меҳри худро ба ҳамон нӯшокиҳо, ки обрӯву этиборашро ба замин яксон кардааст, бахшидааст. Наход модар якчанд фарзандро бо азобу машаққати зиёде ба воя расонаду онҳо ягона модарро нигоҳубин карда натавонанд, наход... Дар ин рӯзҳои пиронсолӣ, ки ба меҳру шафқати пайвандон муштоқ аст, наход модари мушфиқ ба фарзандон нею, балки ба асо такя кунад.
Саволҳои зиёде сарамро замбӯрхона мегардонданд. Охир куҷост меҳру муҳаббати инсонӣ, куҷост раҳму шафқати хешовандӣ? Наход дар дунё одамгарӣ аз байн рафтааст?
Модари зорро дар нимароҳи тақдир бепуштупаноҳ дида, дилам хун гашт. Дар худи ҳамон лаҳза хостам модарамро сахт ба оғӯш кашаму аз рухсори пурмеҳраш бибӯсам ва сар ба оғӯши гармаш гузошта, такрор ба такрор гӯям: “Модарҷон ман шуморо дӯст медорам ва аз Худованд борҳо илтимос мекунам, ки Шумо- меҳрубонамро барои мо фарзандон сиҳату саломат нигоҳ дорад...”
Дилдора ҲАЛИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.