Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СОЯБОНИ САРИ МО

Мукофоти аввалин
Таъриф чизи нағз. Ба гӯши одам равғани зард барин мефорад.

Охири соли хониш рӯзномаамро ба назди бобоҷонам овардам. Бобоҷонам зини айнакашонро ба болои хараки биниашон савор карда, аз баҳоҳои 5-ҳои қатори ман ба ваҷд омаданд.
- Офарин, духтарҷон! - сарамро сила карда гуфтанд. - Ин натиҷаи меҳнати яксолаи ту аст. Меҳнат бо мукофот қадр карда шавад, нағз аст. Шумурда бароед, ба ҳар як баҳои 5 садсӯмӣ мукофот.
Ман шумурда баромадаам: дар давоми соли хониш 1342-то баҳои 5 гирифтаам.
- Ин хел шуданаш мумкин нест, - гуфтанд бобоҷонам. - Ба як дарс якбора се - чор 5-и қӯшша намемонанд. Яктояшро ҳисоб кунед.
Ман аз сари нав ҳисоб кардам: 578 баҳои 5.
Бобоҷонам худи ҳамон замон ҳаққи меҳнати маро доданд.
Ба пули гирифтаи ман ҳаваси Анвар омад. Бодигиву калонгапӣ кунад, ки дар хондан ӯ танбал аст. Вай ҳам 5-ҳояшро шумурда баромад. Бобоҷонам ӯро ҳам хафа кардан нахоста, мукофоти меҳнаташро доданд. Пули меҳнати хониши ӯ ба чоряки мукофотпулии ман баробар набуд.
Ман пуламро ба модарам додам. Модарам аз бозор ба ман як либоси варзишии сурхранг харида омаданд. Ба худам чунон зебид, ки ба оина нигариста, қариб суқам дарояд. Дар давидану ҷаҳидан он қадар қулай, ки…
Соли оянда боз нағзтар мехонам.
Анвар "ихтироъкорӣ" мекунаду ман ба бало мемонам
Акаам Анвар шӯху бало. Дар як ҷо ором шишта наметавонад. Мисли симоб беқарор аст. Худ ба худ ҳар чиз сохтан мехоҳад. Аррачаву теша, болғаву табарро гирифта, тахта мебурад. Чен мекунад. Барои сохтани аробача чархчаҳо меёбад. ғайраташ меҷӯшаду пеши онро касе гирифта наметавонад. Вале охиру оқибат аробачаи сохтааш намегардад ё кораш чала мемонад.
- Олиму ихтироъкорҳои бузург ҳам дар бачагӣ ҳамин хел будагӣ, - дар ин хел мавридҳо Анварро тарафгирӣ мекунанд бобоҷонам. - Вайронкориву ноомади кор трамплини мувафақиятҳо. Инро донистан даркор!
Анвар даруни ин гуна таърифҳо ғарқ мегардаду ӯро шинохта намешавад.
Вай ҳама ҷоро чиркину расво ва асбобу анҷомҳоро паҳну парешон созад, ки ман ба бало мемонам. Модарам ба ман мефармоянд, ки ҳама ҷойро ба тартиб орам. Аламам омада, ба Анвар дармеафтам:
- Ҷойи чиркинкардаатро худат рӯфта тоза кун. Аррачаву табару тешаро ба ҷойҳояш бурда мон! Анбӯру калид ва мехчаҳоро ҳам ғундор!
- Сонӣ, Ӯ мегӯяду намекунад.
Ман ӯро ба ҷойи чиркинкардааш кашола мекунам. Ӯ рафтан намехоҳад. Байни мо ҷанҷол мехезад.
Аз доду ғавғои мо бибиам ба танг омада, ҳардуи моро сарзаниш мекунанд:
- Дар хона ошу нон нест, ки шумо гӯшти якдигарро мехӯред? Шуд акнун, бас кунед! Ин рӯ гузар, Анвар! Ҷӯрубро ба даст гирифта, ту, ҷинқарча, даррав ҳама чоро рӯфта тоза кун!
Ҷангу сарзаниши бибиам алангаи қаҳру ғазаби маро мисли аз болои сӯхтор обпошии сӯхторнишонҳо дар як лаҳза хомӯш мегардонад.
Ман бо сари хам ҷорӯбро ба даст мегирам.
Бибиам бо телевизор "ҷангӣ"
Бибиам бо телевизор "ҷангӣ". Он кас умуман телевизор намебинанд. Бобоҷонам ҳам телевизорбиниро дӯст намедоранд. Гоҳ-гоҳ баъзе барномаҳои даркориро пешакӣ аз "Барномаҳои ҳафтаинаи телевизор"-и рӯзнома хонда, фақат ҳамонҳоро мебинанд. Падарам "ҷини"-и футбол. Мавсими футбол сар шавад, дадаам то соатҳои 3-4-и шаб телевизорбинӣ мекунанд.
Ҷойи телевизори мо дар пешгоҳи хонаи алоҳида аст. Тамошои мултфилмҳо ҷону дилам. Бинам, ки пойпӯши акаам дар паси он дар аст, ман ҳам муш барин худро ба ҳамон хона мезанам.
Ҳар кас пеш дарояд, соҳиби пулт ҳамон мешавад. Ҳоло ихтиёри телевизор дар дасти Анвар буд. Вай пулт дар даст болои диван дароз кашида, телевизорбиниро дӯст медорад. Ман ҳам ба паҳлӯи ӯ медароям. Ғарқи тамошои барномаҳои гуногун шаб шуда монданашро намедонем. Як вақт мешунавем, ки дар тиқ - тиқ.
- Телевизорбинӣ бас не? - дарро нимроғ кушода мепурсанд бобоҷонам. - Барои бачаҳо телевизорбинӣ ним соат. Бисёри бисёраш 45 дақиқа аст. Сонӣ, ҳар хел чизҳоро дидани бачаҳо мумкин нест.
- Ҳозир, баъди панҷ минут, - аз ҷой нимхез шуда мегӯяд акаам, - ҳамин кино тамом шавад, рафта мехобем.
- Хайр, илтимос, - илова мекунам ман.
Вале "панҷ дақиқа"- и мо ҳеҷ вақт панҷ дақиқа не. Аз байн ягон соат гузашта, боз овози бобоҷонам мебарояд.
"Ҳозир" мегӯему боз тамошо мекунем. Охири ҳар як ҳодисаву воқеаро дидану фаҳмидан барои мо шавқовар аст.
Телевизор моро безанҷир баста мондаги барин ба хеста рафтан намемонад.
Ғарқи тамошо хобамон бурда монад, саҳарӣ бибиам ба падару модарам расонда, ҷанҷол мебардоранд:
- Инҳо ба фарзандони худ раҳму шафқате надоранд. Хобашон дар пеши телевизор бурда мондаасту инҳо бехабар...
Боре ман аз бобоҷонам пурсидам:
- Бобоҷон, рости росташро гӯед, шумо маро бештар дӯст медоред ё Анварро?
- Туро аз замин то осмон. Анварро аз осмон то замин, - гуфтанд бобоҷонам.
Уф… Савол дода, дарди сар харида гирифтам. Каллаамро мисли тарбуз зада пӯла кунам, ки киро бештар дӯст доштани бобоҷонамро нафаҳмидам.


Дата добавления: 27/09/2019 17:05;   Просмотров: 920
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку