Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШОИРЕ, КИ ДУ БОР ДАР СИНФИ ЯКУМ ХОНД...

Соли 1949 барои оилаи Наимӣ сангин омад. Модари Раҳимҷон - Султоной шабона ба ҳавлӣ баромада буд, ки гурге аз девори ҳамсоя ба ӯ ҳамла карданӣ шуд.

 Аз тарс фарёд зад. Падари фарзандҳояш бо шитоб берун баромад, гург гурехт, вале Султоной аз он ҳодисаи ногаҳонӣ се рӯз бемор хобида, аз олам гузашт. Гуфтанд, ки талхааш кафидааст. Се фарзанд - Офияти калонӣ, Раҳимҷони миёна ва ширхораи семоҳа Робия бемодар монданд.
Робияи навзод ҳар лаҳза шир металабид. Хешону ақрабо бо тар кардани нон ё пичинӣ ӯро ором кардан мехостанд, вале ҳеҷ чиз ҷои шири модарро пур карда натавонист. Се моҳи баъд Робия низ аз олам чашм пӯшид…
Раҳимҷон гоҳ дар маҳаллаи Қавола, гоҳ бо модаркалонаш Онахон (Ойимбибӣ) дар гузари Ашӯрмуҳаммади шаҳр зиндагӣ мекард - ба қавле “кабӯтари ду бома” буд. Аввалин бор ба синфи якуми мактаби миёнаи рақами 38 (филиали мактаби рақами 3)-и шаҳри Самарқанд пазируфта шуд. Аммо азбаски зиндагияш дар як ҷо устувор набуд, таҳсилро дуруст идома дода натавонист ва соли дигар боз ба синфи якум баргашт. Бо вуҷуди ин, аълохон буд.
***
Ҳангоми оббозӣ дар Ҷӯйи шаҳр Раҳимҷони даҳсола ба об ҷаҳида, ногоҳ пояшро ба чизе сахт зад. Аз дарди ногаҳонӣ беҳуш шуд ва пас аз чиҳил дақиқа ба худ омад. Ҳарчанд он лаҳза дигар дардро ҳис намекард, роҳравиаш аз ҳамон рӯз андаке тағйир ёфт. Ин як сахтии дигари рӯзгори кӯдакии ӯ буд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, Раҳимҷон аввал дар мактаби ибтидоии рақами 5-и маҳаллаи Қавола хонд, сипас, таҳсилашро дар мактаби миёнаи нопурраи рақами 17 идома дод. Синфҳои 9 то 11 дар мактаби миёнаи ихтисосии рақами 22-и шаҳри Самарқанд хонд. Дар давоми таҳсил донишомӯзон фабрикаи чойбарорӣ, макарон, комбинати нон ва мағозаҳо барои таҷрибаомӯзӣ равтанд. Ҳамсабақонаш дар соҳаи савд фаъолият оғоз намуданд. Раҳимҷон бошад, аз синфи 7-ум ба шеъргӯйӣ руҷӯъ кард. Директори мактаб Абдураҳмон Ҷумъаев ва роҳбарони тарбия аз ӯ хоҳиш менамуданд, ки дар ҷамъомадҳо шеъри тозаи худро хонад. Ҳамин тавр, қадамҳои нахустини ӯ ба олами адабиёт гузошта шуданд.
Имрӯз Раҳимҷон Наимӣ - Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва соҳиби 60 соли собиқаи меҳнат аст. Солҳои зиёд дар соҳаи таълим бо ҷону дил заҳмат кашида, зиёда аз 13 сол директори мактаби рақами 5-и ноҳияи Самарқанд буд. Беш аз 13 сол раиси ноҳиявии ҳизби “Эҳёи миллӣ”-и Ӯзбекистон фаъолият кард. Солиёни дароз дар шӯъбаи маънавият ва маърифати ноҳия низ хизмат намуд.
Муаллифи беш аз 20 китоби назмӣ ва насрист. Се китоби навбатӣ дар интизори чоп қарор доранд. Ӯ услуби нав - модернро дар шеър ҷорӣ карда, намунаҳои эҷодиёташ дар маҷалла ва антологияҳои Ҳиндустон, ИМА, Туркия, Словения, Италия, Миср, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд.
Раҳимҷон Наимӣ имрӯз сардори оилаи намунавист. Бо ҳамсари вафодораш - Мавлуда Наимова панҷ фарзанд - Мӯнис, Фирдавс, Дилфуза, Ҳасан ва Ҳусейнро ба камол расондаанд. Дар айни ҳол бобою бибии 15 нафар набера ва 21 нафар абера мебошанд.
Ин аст қиссаи марде, ки талхиҳои кӯдакӣ аз ӯ шоири дардошно сохт. Шоире, ки ду бор дар синфи якум хонд, аммо садояш аз марзҳои кишвар гузашт.


Д.НАСИМӢ.


Дата добавления: 03/12/2025 11:45;   Просмотров: 11
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку