"Зани боилму соҳибмаърифат беҳтарин ганҷи мард аст".
Ҳадис
Рӯзи 24-уми марти соли 1977 мо - 25 нафар ҷавонон ба унвони донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики ДДС сазовор гардида будем, ки ин сана бароямон фаромӯшнопазир аст.
Дар гурӯҳи мо аз вилоятҳои Намангон, Тошканд, Бухоро, Сирдарё, Қашқадарё донишҷӯён таҳсил мегирифтанд. Мо бо ҳамдигар дӯсту тифоқ будем. Байни онҳо духтараки шаҳрӣ Саида Қаюмова бо чеҳраи кушод, табассуми малеҳ, ҳозирҷавобӣ ва ҳақиқатгӯияш аз дигарон фарқ мекард. Ӯ бо ин хислатҳояш аз дили ман ҷой гирифт. Мо бо Саида, Инобат ва Сабоҳат дугонаҳои ҳамрозу ҳамфикр гардидем. Саида донишҷӯи пешсаф ва эҷодкор буд. Духтараки шаҳрӣ бошад ҳам бештар либосҳои миллӣ пӯшида, бо мӯйҳои майдабофт ба дарс меомад. Бори аввал барои дарстайёркунӣ ба хонаи Саидаино рафта, эҳсос намудам, ки дар яке аз ҳуҷраҳои майдони Регистон дохил шудаам. Зеро хонаи онҳо аз музей фарқ надошт. Деворҳои нақшинкор, токчаҳои гуногуншакл, гулҳои рангин...
Модараш олимаи соҳаи хоҷагии қишлоқ, хатмкардаи ду Донишгоҳи олӣ бошанд ҳам хеле оддиву хоксор буданд. Ман модаронро соҳибхона тасаввур мекардам. Дар маҳаллаи мо ҳамаи занҳо танҳо бо тарбияи фарзандон машғул мешуданду халос. Ман аввалин духтаре будам, ки дар донишгоҳ мехондам. Ба модари Саида ҳавас намудам. Баробари кори ҷамъиятӣ боз корҳои хонаро ба дараҷаи аъло ба сомон мерасониданд. Бароямон хӯрокҳои болаззат мепухтанд.
Дар мавсими пахтачинӣ Саидаро ошпаз таъйин намуданд. Ӯ ҳам мисли модараш хӯрокҳои болаззат мепухт. Бо табассум сухан мегуфт ва муомиаи хуш дошт.
Саида дар семинар ва анҷуманҳои илмӣ фаъол буда, бо маърӯзаҳои пурмазмунаш баромад мекард. Маҳорату истеъдоди ӯро ба инобат гирифта, роҳбарии маҳфили адабиёти Шарқро ба ӯ супориданд. Ӯ ин вазифаро низ пурсамар иҷро намуд.
Солҳо сипарӣ гаштанд. Ҳар кадоме аз пайи зиндагии худ аз ҳоли якдигар бехабар мондем. Рӯзе ба воситаи телевизиони Самарқанд овози шинос ба гӯшам расид. Ба оинаи нилгун боз ҳам назиктар рафтам. Дар бораи дастхатҳои нодири осорхона дугонаи азизам, шоира Саидаи Камолзод сухан мекард...
Тирамоҳи соли 2009 дар утоқи корӣ машғули маълумотнависӣ будам, ки дарро кӯфта Саида даромад. Дар лабонаш табассуми малеҳи ҳамешагӣ. Ба дастам китоби тозанашри худ "Қиблаи умед"-ро дод, ки ба хотираи модари шодравонаш бахшида шудааст. Ифтихор намудам, ки ҳоло бо шоира сӯҳбат дорам.
Моҳи январи соли 2019 бо Саида вохӯрӣ ташкил намудем. Хоҳиш намудам, ки намунаи маҳсули эҷодашро ҳамроҳ биёрад. Вақте ки эҷодиёти бадеӣ, бозёфтҳои илмии ӯро варақ мезадам, ҳис мекардам, ки ба олами маърифат дохил шуда мондам. Мақолаҳои илмии ӯ дар бораи дастхатҳои нодири дар фонди музей маҳфуз буда, дар бораи эҳёи коғази Самарқанд, оиди намоянда ва тарғибгарони тариқати Нақшбандия дар асрхи XIX дар Самарқанд буданд ва ашъори навини ононро ташкил мекарданд.
Саида инсони ҳаётдӯсту некандеш аст ва диди васеи адабиётшиносӣ дорад. Таърихи санъат, адабиёт, фарҳанги халқи худро аз манбаъҳои дастхат омӯхта, дар соҳаи шарқшиносӣ маҳорати касбӣ пайдо кардааст. Ҳамин рӯз ӯ пеши назарам чун нусхаи поки модараш намоён гашт.
Имрӯз Саидаи Камолзод модари 4 нафар фарзанди солеҳ ва набераҳои ширин асту дар арсаи ҳаёт мавқеи худро дорад. Ҳамеша, дар ҳама ҷо бо дугонаи ҷониам ифтихор дорам.
Дугонаи азизи ман! Зи илму дониш, зи нури маърифат ҳамеша дар нумӯъ буданатро орзу мекунам. Ҳамеша зебои маҳфилҳо, чароғи давраи толибилмон, гули муаттари боғи маърифат шуда, ба чашмҳо нур, ба дилҳо ҳузур бахшиданатро хоҳонам. Шасти камолотат муборак бошад!
Замира ҒАФФОРОВА,
собиқадори маориф
Дар акс: З.Ғаффорова ва С.Қаюмова
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.