Вақте ки Сарвари давлатамон бо мақсади ташкил намудани Вазорати маҳалла ва сохтори оила, эътибори ҷудогона ба маҳаллаҳо, зиёд намудани музди меҳнати кормандони идораи маҳалла, ба раиси маҳалла таъйин кардани се ҷонишин ва имкониятҳои дигар аз сарвари маҳалла будани худ ифтихор намудам. Вақте ки Президентамон 22 - юми мартро Рӯзи кормандони маҳалла эълон доштанд, хеле хурсанд ҳам шудам.Ҳамаи ин некиҳое, ки Сарвари давлатамон бо аркони ҳукумат барои беҳдошти маҳаллаҳо раво мебинад, ба нафъи халқ аст. Чӣ тавре, ки дар Муроҷиатнома зикр гардидааст:
Мо дар назди худ мақсади олии якҷо бо халқамон бунёд кардани Ӯзбекистони навро гузоштаем. Дар ин роҳ ба ҳаёти мо раванди нав: "Ташаббускори ислоҳот - ҷамъият" торафт бештар қарор меёбад.
Моро лозим аст, ки ба беш аз пеш фаъолнокии шаҳрвандон барои баланд бардоштани натиҷаҳои амалии ислоҳот, пешбурди ташаббусҳои нав дар маҳалҳо муваффақ гардем.
Аз ҳама муҳимаш, дар натиҷаи ин дигаргуниҳо мо бояд баҳри ҳаёти фаровони халқамон шароит фароҳам оварем. Бояд муҳити куллан мусоиди корӣ ва иқлими сармоягузорӣ ташаккул дода шавад, миқдори корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ зиёд гарданд, то ки халқамонро бо даромадҳои сазовор таъмин намоем. Бешубҳа, агар мо худ ин корҳои фавқулодда муҳимро иҷро накунем, касе омада онҳоро барои мо иҷро намекунад.
Халқи мо бояд хуб дарк намояд: дар пеши мо роҳи дуру дароз ва мураккаб истодааст. Агар ҳамаи мо ҳамҷиҳатона пеш равем, донишҳои замонавиро азхуд кунем, бовиҷдонона ва пурмаҳсул кор кунем, ҳаётамон, тамоми ҷамъияти мо, албатта, беҳтар мегардад.
Президентамон муддати раисии оқсақолонро низ аз се сол ба панҷ сол дарозтар намуданд. Яъне, боварии ӯ ба раисон зиёдтар гардидааст. Бояд мо ин бовариро сӯистеъмол накарда, балки сазовори боварии халқу Ватан бошем.
Санъатхон БАҲРОМОВ,
раиси маҳаллаи Талибарзуи поён
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.