Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РОҲИ САФЕД, ИЗЗАТУЛЛО!

Чӣ тавре, ки хабар дода будем, бо ташаббуси шӯъбаи ҳудудии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят, Садорати таълими халқи вилоят, Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд барои таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз 15-уми ноябри соли 2019 таҳти рақами ФП 5876) барои донишомӯзони мактабҳои миёнаи тоҷикӣ озмуни иншоҳо дар мавзӯи “АСАРИ ДӮСТДОШТАИ МАН” эълон шуда буд.

Ҳайати ҳакамон пас аз мутолиаи кори эҷодии донишомӯзон ғолибонро эълон намуданд.
Аз ноҳияи мо шогирди мактаби рақами 43 Иззатулло Неъматов сазовори ҷойи дуюм гашт.
Мо ғолибро бо ин муваффақият табрик намуда, барояш дар роҳи эҷод комёбихо хоҳонем.


Последнее редактирование: 03/07/2020 11:29;   Просмотров: 736
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку