Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РОҲБАРИ НАВИ “ОВОЗ”

Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд”, ки аз 1-уми январи соли 1990 чоп мешавад, ба минбари розу ниёзи мардум табдил ёфтааст.

То ба дараҷаи хоно ва шево гардидани забон, услуб ва ҳусни дилчаспи он кормандони зиёди эҷодиву техникии рӯзнома бо сарварии сармуҳарирони собиқаш – Нор Остонзода, Ғафурҷон Маҳмудов (равонашон шод бод!) ва Озодҷон Хидиров заҳмати зиёде кашидаанд. Зиёда аз як сол боз нависандаи маҳбуб, рӯзноманигори шинохта Бахтиёри Ҷумъа чун иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” фаъолият дошт.
Санаи 10-уми октябри соли равон қарори иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Т.Ҷӯраев “Дар бораи сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” – нашрияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва ҳокимияти вилоят таъин намудани Раҳмонов Баҳодур Убайдуллоевич” қабул шуд.
Баҳодур Раҳмонов дар радифи олиму адиб ва рӯзноманигорони Самарқанд чун шоир, сармуҳаррири газетаи “Келажак авлод”, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои самарқандиён шинос аст.
Баҳодур Раҳмоновро аз номи аҳли эҷод ва муштариёни рӯзнома бо оғози вазифаи пурмасъул ва шарафнок муборакбод намуда, хоҳони онро дорем, ки ба анъана ва суннатҳои пешқадамтарини рӯзнома содиқ монда, барои муваффақияти матбуоти тоҷик дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол ҳиссагузор шавад.

Д.НАСИМӢ


Последнее редактирование: 20/10/2017 13:38;   Просмотров: 1385
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку