Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУАЛЛИМЕ КИ МУЗДИ МЕҲНАТАШ 25 миллион АСТ

Ҳар гоҳе, ки муаллимаи забон ва адабиёти рус Сабина Рустамова ба ведомости маош имзо гузошта,

бештар аз 25 миллион сӯм музди меҳнат мегирад, аксарияти ҳамкасбон бо ҳавас сӯяш нигариста, "ба рӯзи нек сарф шавад" мегӯянд.
- Сабина Рустамова омӯзгори тоифаи олӣ, навовару пешқадам ва серҳаракату соҳибтаҷриба аст, - иброз намуд сарвари таълимгоҳи рақами 10-ум Холида Шамсиддинова, - ӯ исбот карда тавонист, ки ба ивази ғайрату ташаббуси нек кас метавонад аз академикҳо ҳам бештар музди кор гирифтан мумкин мебошад.Рӯсурхии одам кор бошад, ранҷи мо - ганҷи мо ҳамин- дия!
Бузургон насиҳат кардаанд:
Бишав танҳо, бирав бар сӯи коре,
Ки аз меҳнат набошад нангу оре!
Боиси ифтихору хушнудист, ки дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии мо беш аз се ҳазор нафар талабагон таълиму тарбият гирифта, ба онҳо қариб 200 нафар муаллимон аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд. Яке аз чеҳраҳои намунавӣ,ки бо меҳнати фидокору ватанпарварона,масъулият ва садоқат ба касби педагогӣ шӯҳратёр мебошад, Сабина Рустамова аст, ки на танҳо дар ноҳияи Самарқанд, инчунин вилояту ҷумҳурӣ ҳурмату эҳтироми хоса дорад.Вай дар давоми фаъолияти пурсамарона тавонистааст як муҳити омӯзиши солим ва пурмаҳсул барои хонандагон ташкил намояд.
Вақте ки мо дар мактаби мазкур бо таҷрибаи қаҳрамони лавҳаи хеш шинос шудем,шоҳиди он гардидем, ки фароҳам овардани шароити омӯхтани забони русӣ ва ба даст овардани натиҷаи лоиқи таҳсину ситоиш бо номи Сабина Рустамоваи фидокор вобаста аст.
Мактаб якчанд маротиба дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, хонандагон бо комёбиҳои назаррас номбардори маскани мӯътабари таълиму тарбият шудаанд. Боиси хушнудист, ки соли равон 36 нафар хатмкунандагони синфи 11-уми "б", ки роҳбараш Сабина буд,сад фоиз ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва хориҷӣ дохил шудаанд. Аз онхо 16 нафар факултаи филологияи русро интихоб кардаанд, ки далели муҳаббат ба касби устоди арҷманд аст.
- Камина солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд аз Алла Георгиевна Сорокина аз фанни забони русӣ сабақ гирифта, ба устоду ба фанни ӯ дил бастам, - бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод мусоҳиби мо Сабина Рустамова, - ана баъд ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар асоси гранти давлатӣ дохил шудам. Дар мактаби олӣ аз профессору муаллимони номбардор
Евгений Малиноаский,
Светлана Ким Сусана Вакиян ва дигарон сиру асрори забони русиро омӯхта, ҳатто бо кори эҷодӣ машғул шудам.
Соли 2012 бо роҳхат ба мактаби рақами 51 -уми шаҳри Самарқанд омада, фаъолияти педагогии ман оғоз ёфт.
Ҳоло дар мактаби миёнаи рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд муаллимаи забон ва адабиёти рус мебошам.Дар омади гап таъкид намуд, ки сарвари таълимгоҳ Холида Шамсиддинова дар давоми фаъолияти пурсамаронаи худ кӯшиш ба харҷ дод, ки муҳити хуби педагогӣ ба вуҷуд омад. Боз як иқдоми неку созанда он аст, ки мактаб бо Агентии баҳогузории дониш ва маҳорат дар вилояти Самарқанд ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки то дар 2-3 моҳ баҳодиҳии дониши талабагон ва хатмкунандагон муайян гардида, хатогӣ ислоҳ ёбад. Ана барои чӣ мактаби мо дар рейтинги ба Донишгоҳи гуногуни мамлакат дохил шудаан дар ноҳияи Самарқанд дар шоҳсуфаи баланд аст.
Маҷлиси видиоселекторӣ, ки чанде пеш таҳти раёсати Президенти мамлакат доир ба боз ҳам беҳтару хубтар намудани сифати таълим дар мактабҳо,такмили ихтисоси омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо ба вуқӯъ пайваст, ба назди мо,педагогҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

- Ба маълумоти шумо расонам, ки камина бо педагогикаи рақамӣ машғул гашта,дар асоси талаботи байналхалқӣ рисолаҳои илмӣ иншо мекунам. Ҳоло дар бахши таълими халқӣ рисолаи доктори навиштаам, ки дар рӯзҳои наздик дифоъ хоҳам кард. Маводи ҷолиби диққат ҳангоми иштирок дар анҷуманҳои байналхалқӣ дар Русия, Олмония, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷамъоварӣ шудааст.
- Сабина Сирожиддиновна,мо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат ороста, аммо дар бораи мутахассисони шумо- забон ва адабиёти рус баҳсу мунозира дорем.
- Забони русӣ аввало Пушкин,ки манзили пурқудрати тавоно,ана баъд Толстой, Достоевский, Чехов, Горький, Шолохов ва дигарон ҳастанд. Забони русӣ мисли форсу тоҷикӣ барои назму наср, дилнишину гуворост.Ҳоло он аҳамияти байналхалқӣ дошта,аксарияти анҷуманҳои гуногуни фарҳангӣ ба ин забон баргузор мегардад. Ман маҳз ба ҳамин забон асари "Таърихи як қадами қатъӣ " навиштаам, ки шояд дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамдӯстӣ маҳбубият пайдо хоҳад кард.
- Маслиҳату машварати шумо нисбати 25 миллион сӯм музди меҳнат гирифтан ба ҳамкасбон ?
- Агар дар хотир дошта бошед, сарвари давлатамон ваъда дода буданд, ки маоши муаллимон бояд ба 1000 доллар расид. Хушбахтона он дучанду сечанд афзуд. Шоири ширинкаломи номдори тоҷик Носири Хисрав байти пандомез дорад:
Агар коре кунӣ,музде ситонӣ,
Чу бекорӣ,яқин: бемузд монӣ.
Дар мактаби ман ва додари азизам Фарзод Рустамов беш аз 25 миллион сӯм музди меҳнат мегирем.Акоям низ се дипломи мактаби олиро дошта, пайваста такмили ихтисос мекунад.
Ҳоло замони" себ паз ва ба даҳонам афт" нест.
То ранҷ таҳаммул накунӣ,ганҷ набинӣ" гуфтанд. Раҳматӣ модарам мегуфтанд, ки ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад, миннат аз Ҳотами
Той набарад.
Дар хотир нигаҳ дошт,ки ранҷи мо- ганҷи мо!

Суҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода,

узви иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


Дар акс: Сабина Рустамова


Последнее редактирование: 30/09/2025 17:20;   Просмотров: 22
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку